Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибони "ВИМ-Авиа" Русияро тарк намудаанд


Ширкати ҳавопаймоии "ВИМ-Авиа" парвозҳоро то рӯзи 15 октябр давом медиҳад. Дар ин бора вазорати нақлиёти Русия рӯзи 28 сентябр хабар дод.

Дар вазорат тарҳи ба Русия интиқол додани мусофирони дар дигар кишварҳо дармондаи ширкати ҳавопаймоӣ барномарезӣ шудааст. Айни ҳол беш аз 39 ҳазор сайёҳон аз Русия, ки тавассути «ВИМ-Авиа» ба хориҷа сафар карда буданд, ба мушкили бозгашт мувоҷеҳ шудаанд. Ҳамчунин 1,5 ҳазор мусофир бояд аз тариқи ҳавопаймоҳои ширкат аз фароғатгоҳҳои Русия ба макони зисти худ бармегаштанд. Қарор аст, ки давлати Русия ба дигар ширкатҳои ҳавопаймоӣ барои ба манзил расондани мусофирони "ВИМ-Авиа" маблағи ҳангуфт пардохт кунад.

Рӯзи душанбе "ВИМ-Авиа" аз сабаби қарздорӣ маҷбур шуд, ки парвозҳои чартериро қатъ кунад. Гуфта мешавад, ки айни ҳол қарзи ширкат аз 3 то 10 миллиард рубли русиро ташкил медиҳад.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба вазири нақлиёти кишвар Максим Соколов дар бораи мутобиқат накардан ба мақомаш огаҳй дод.

Рӯзи 27 сентябр хабар расид, ки яке аз соҳибони ширкати ҳавопаймоии «ВИМ-Авиа” Рашид Мурсекаев ва хонумаш Светлана Русияро тарк намудаанд.

XS
SM
MD
LG