Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Украина зиёни сӯхтори анбори аслиҳаро $800 млн гуфт


Хисороти сӯхтор дар анбори муҳимоти ҷангии вилояти Виннитсаи Украина 800 миллион долларро ташкил додааст. Дар ин бора узви Кумитаи порлумони Украина дар умури амнияти миллӣ ва дифоъ Иван Винник дар суҳбат бо NewsOne иттилоъ дод.

Таркиш дар анбори низомии Виннитса шаби 27 сентябр рух дод. Додситонии кулли Украина ҳодисаро ҳамчун "харобкорӣ" таҳқиқ дорад. Эҳтимол дорад, сӯхтор бо мусоидати ҳавопаймои бесарнишин ба амал омада бошад. Мушовири вазири умури дохилии Украина Зорян Шкиряк таркишро кори "харобкорҳои рус" номид.

Шаби сешанбе тахминан соатҳои 22:00 дар анбори силоҳи қисми низомии А1119 нахуст сӯхтор ва баъдан таркиш ба амал омад. Дар натиҷа 30 ҳазор сокини маҳаллӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд. Тибқи иттилои пешакӣ, дар ин ҳодиса ду нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Равуои ҳавоӣ ва ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Виннитса-Киев қатъ гашта, масири қатораҳо низ тағйир дода шудааст. Дар ин анбор, ки дар масоҳати 60 ҳектар замин ҷойгир аст, 188 ҳазор тон лавозимоти ҷангӣ нигаҳдорӣ мешуд.

XS
SM
MD
LG