Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Елена Нагорная барои Megacom-и Қирғизистон $213 млн медиҳад


Сим-корти "Megacom"

Соҳибкори рус Елена Нагорная барои харидории тамоми саҳмияҳои ширкати мобилии "Алфа Телеком"-и Қирғизистон, ки бо бренди "Megacom" маъруф аст, дархост фиристод.

Бино ба маълумоти Бунёди идораи амволи давлатии Қирғизистон, сармоягузори рус омодааст, ки барои хариди ҳамаи саҳмияҳо 213 миллион доллар пардохт кунад.

Феълан Бунёди идораи амволи Қирғизистон музокироти шарти хариду фурӯши саҳмияҳои "Megacom"- ро бо Елена Нагорня оғоз кардааст.

Сомонаи расмии Нагорная мегӯяд, ки соҳибкор 41 сол дошта, бо тиҷорату фаъолиятҳои ҷамъиятӣ дар бахши сифату бехатарии маҳсулоти ғизоӣ, дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва робитаҳои кории байналмилалӣ машғул аст. Дар бахши интиқоли мол, фурӯш ва истеҳсоли чою қаҳва низ таҷриба дорад. Узви комиссияи коршиносони кумитаи саноати Думаи давлатии Русия аст.

Қирғизистон саҳмияҳои "Алфа Телеком"-ро бори нахуст соли 2015 дар музояда гузошт. Ширкат се дафъа дар музояда буд, аммо харидор наёфт. Баъдан девони вазирони Қирғизистон тасмим гирифт, ки ширкатро мустақиман бар ивази 13,5 миллиард сом ба фурӯш барорад.

Видеоҳои охирин

Салоҳ ба майдон мебарояд, Русияро чӣ интизор аст?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:07:02 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG