Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нуруллоҳ Отахонов дар Тошканд боздошт шуд


Нуруллоҳ Отахонов
Нуруллоҳ Отахонов

Нуруллоҳ Отахонов, нависандаи 63-солаи узбак баъди ду соли фирори ихтиёрӣ рӯзи 27-уми сентябр ба Тошканд баргашт. Пулиси Узбакистон ӯро дар фурудгоҳ боздошт ва бо завлона ба идораи пулис бурд. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо такя ба ҳамсари нависанда Гулнора Отахонова хабар дод.

Пулис сабаби боздоштро шарҳ надода ва ба ҳамсари нависанда низ иҷозати суҳбат надодааст.

Ин нависанда, ки солҳои охир дар Туркия истиқомат мекард, пеш аз парвози Истанбул ба Тошканд гуфт, бо даъвати Шавкат Мирзиёев, президенти Узбакистон ба ватанаш бармегардад. Мирзиёев чанде пеш аз ҳамаи узбакҳои хориҷ даъват кард, ки ба ватанашон баргарданд.

Нуруллоҳ Отахонов ду сол пеш бо даъвати нашрияи истанбулии Ferfir ба Туркия рафта буд.

"Ин нашрия маро барои рӯнамоии китобам дар ҳузури хонандагон, даъват карда буд. Аммо аз сабаби онки чорабинӣ ба таъхир гузошта шуд, маҷбур шудам дар Туркия чанд муддат боқӣ монам. Дар ин муддат китоби дигарам "Ин рӯзҳо"-ро, ки рушди Узбакистон дар даврони истиқлолро нақд мекунад, ба нашр расонидам. Баъди нашри китоб нохушиҳо шуруъ шуданд. Бисёре аз дӯстонам ба ман маслиҳат доданд, ки муваққатан аз бозгашт ба Узбакистон худдорӣ варзам", - гуфта буд нависанда.

Нуруллоҳ Отахонов ҳукумати Ислом Каримовро дар китоби "Ин рӯзҳо" танқид мекунад. Вай мегӯяд, баъди нашри китоб мақомоти Узбакистон ӯро "душмани халқ" ва "ватанфурӯш" номидаанд. Охири соли 2013 Отахонов бо баҳонаҳои номаълум аз мудирии нашриёти "Мовароуннаҳр" ва сармуҳарририи маҷаллаи "Ҳидоят" барканор шуд. Баъди ин ӯро шомили рӯйхати одамони "номақбул" карданд.

Моҳи августи соли ҷорӣ ҳукумати Узбакистон хабар дод, чанд ҳазор одам аз рӯйхати сиёҳи пайравони ҷараёнҳои тундгарои динӣ ва дигарандешон хориҷ шудаанд. Нуруллоҳ Отахонов мегӯяд, маҳз ҳамин тасмим ӯро водор кардааст, ки ба ватан баргардад.

XS
SM
MD
LG