Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари вазири дифои ИМА ва дабири кулли НАТО ба Кобул


Вазири дифои Амрико Ҷим Мэттис ва Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг рӯзи 27 сентябр бо як сафари ғайримунтазира вориди Кобул шуданд.

Вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, ки чанд соат пеш аз вуруди ин ду мақоми низомӣ шаш мушак ба минтақаи назди фурӯдгоҳи Кобул партоб шуд. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" бар дӯш гирифт. Дар бораи хисороти ҷонӣ гузориш пахш нашудааст.

Ҷим Мэттис ва Йенс Столтенберг дар Кобул бо президент Ашраф Ғанӣ, сарбозони ИМА ва гурӯҳи НАТО, ки артиши Афғонистонро тамрин медиҳад, мулоқот мекунанд. Дар ин бора капитан Уилям Сэлвин, сухангӯи гурӯҳи НАТО хабар дод.

Ҷим Мэттис ва Йенс Столтенберг ҳамчунин бо дипломатҳои амрикой дидору гуфтугӯ хоҳанд кард. Нишасти хабарии муштараки онҳо бо Ашраф Ғанӣ ҳам дар назар аст.

Гуфта мешавад, ки мавзӯи асосии сӯҳбатҳо стратегияи нави ИМА дар қиболи Афғонистон хоҳад буд, ки онро моҳи гузашта раисиҷумҳур Доналд Трамп ироа кард. Зимни муаррифии стратегияи нав, Трамп пешниҳод кард, ки амалиёт дар Афғонистон бидуни зарбулаҷал “то расидан ба пирӯзӣ” идома кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG