Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти кадрӣ дар Кумитаи амният. Се муовин нав шуд


Се муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз мақомҳои худ озод ва ба ҷойи онҳо афроди дигар таъйин шудаанд. Ин тағйирот бо қарори ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 26-уми сентябр сурат гирифтааст.

Бино ба хабари дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон Акрам Амонов бо сабаби ба нафақа баромадан, Сӯҳроб Паноев ва Фарҳод Воҳидов бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз мақоми муовинони раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон озод шуданд. Бо қарорҳои дигари ҳукмат ба ҷойи онҳо Зубайдулло Алихонов, Нусратулло Мирзоев ва Алишер Мирзонаботов таъин гардидаанд.

Ҳамчунин бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон Ҷумъахон Ғиёсов аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ озод гардида, ба ҷои ӯ Амирбек Бегназаров омадааст.

“Тағйироти кадрӣ, инчунин, дар раёсатҳо ва воҳидҳои сохтории Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе амалӣ гардид”, - гуфтанд дар дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.

XS
SM
MD
LG