Як мошини "Мерседес- и дорои рақамҳои давлатӣ, рӯзи 25 сентябр ходими пулисро дар маркази Маскав аз пой афтонд ва ҳалок кард.
Наворе, ки дар интернет пахш шуд, нишон медиҳад, ки мошини "Мерседес" дар кӯчаи "Новый Арбат" бо суръати бисёр баланд ҳаракат кард ва корманди пулис, лейтенанати калон Сергей Грачеви 32 соларо аз пой афтонд. Барои ҳаракат дар ин минтақа иҷозаи махсус даркор аст.
Маълум нест, ки "Мерседес"-ро кӣ идора мекард.
Матбуоти Русия бо такя ба як манбаи беном навиштааст, ки мошин эҳтимолан ба Хадамоте федеролии амнияти Русия -ФСБ таалуқ дорад. Аммо ин маълумот расман таъид нашудааст.
Гузоришҳо ҳамчунин мегӯянд, ходимони пулис, ки ба ҷойи ҳодиса омаданд, дарҳол рақами мошин ва "мигалка"-ро берун кашиданд ва хабарнигоронро дар фосила нигаҳ доштанд.
Солҳои ахир як чанд ҳодисаи монанд ба ин, ки мошинҳои давлатӣ дар садамаҳои маргбор мушоҳида шудаанд, дар Русия ва кишварҳои дигари Шӯравии собиқ рух дод.
Мақомоти Русия ва афроди наздик ба доираҳои ҳукумат ба суиистифода аз имтиёзҳои роҳ, аз ҷумла истифодаи "мигалка" ва "сирена" муттаҳам мешаванд.