Пайвандҳои дастрасӣ

"Коммерсантъ" аз фасодкориҳои рекордӣ дар вазорати дифои Русия хабар дод


Полковник Александр Вакулин бо гумони гирифтани "пора" дар ҳаҷми 368 миллион рубл боздошт ва ҳабс шудааст. Ӯро ба ҳимоят аз ширкатҳои хусусӣ ҳангоми бастани шартномаҳо гумонбар медонанд. Дар ин бора рӯзи 26-уми сентябр нашрияи "Коммерсантъ" хабар дод. Ба иттилои нашрия, гап дар бораи фасодкории рекордӣ дар таърихи Вазорати дифои Русия меравад.

Сардори 46-солаи бахши таъмини техникии раёсати таъминоти Вазорати дифоъ дар ришвахорӣ барои пуштибонӣ аз қарордодҳои хариди дастгоҳҳои пӯхту пази вазорат гумонбар дониста мешавад.

Ба ҷуз ин, ба иттилои тафтишот, полковник барои "пуштибонии ҳамаҷониба" аз тоҷирон "пора" гирифтааст. Парвандаи Вакулинро муфаттиши калон дар бахши парвандаҳои махсус Виталий Данилов пеш мебарад, ки қаблан дуздии марбут ба "Оборонсервис"-ро таҳқиқ мекард.

Моҳи октябри соли 2012 аз рӯи далелҳои дуздӣ дар "Оборонсервис" чанд парванда кушода шуд. Сардори департаменти муносибатҳои молии вазорати дифоъ Евгения Василева айбдор дониста шуд. Аммо баъд аз як моҳ аз зиндон раҳо шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG