Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афви Байналмилалӣ "Укрмаш"-ро ба хариду фурӯши силоҳ айбдор кард


Созмони байналмилалии Amnesty International (AI) ширкати давлатии "Укринмаш"-и Украинаро ба нақзи таҳримҳои СММ дар робита ба интиқоли силоҳ ба Судони Ҷанубӣ айбдор кард.

Ҳомиёни ҳуқуқ гуфтанд, ширкати украинӣ мехост, ба мақомоти Судони Ҷанубӣ "ҳазор адад автомат, миномёт ва навъи дигари силоҳ"-ро фурӯшад.

Ба гуфтаи AI, "Укринмаш" соли 2014 барои давр задани манъи интиқоли силоҳ ба Судони Ҷанубӣ бо як ширкат дар Аморати Муттаҳидаи Араб ҳамкорӣ кардааст.

Ин созмон мегӯяд, натавонистааст муайян кунад, ки ҳамаи силоҳҳо ба Судони Ҷанубӣ интиқол ёфтаанд, ё танҳо як қисми онҳо. Маблағи умумии додугирифт 170 миллион долларро ташкил медиҳад.

Аммо намояндаи "Укринмаш" Юрий Кириллич рӯзи сешанбе дар суҳбат бо хабарнигори Бахши украинии Радиои Озодӣ гуфт, ин ширкат ба Судони Ҷанубӣ ҳеч гуна силоҳ нафурӯхтааст ва фурӯхтанӣ ҳам нест.

AI мегӯяд, "Укринмаш" ва ширкати АМА барои интиқоли силоҳ ба Судони Ҷанубӣ аз хадамоти як ширкате истифода кардаанд, ки дар Бритониё сабтином шудааст ва мақомоти Бритониё низ барои пешгирӣ аз ин хариду фурӯши силоҳ ва додугирифтҳои ҳамсон ҳеч гуна кореро анҷом надодаанд.

XS
SM
MD
LG