Пайвандҳои дастрасӣ

Лавров: Силоҳи ҳастаӣ Пхенянро аз ҳамлаи Амрико ҳифз мекунад


Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Руситягуфт, ки ба бовари ӯ Ийолоти Муттаҳида ба Кореяи Шимолӣ ҳамла намекунад, зеро Пхенян силоҳи ҳастаӣ дорад. "Ин ҳамла сурат намегиранд, Амрико дар робита ба силоҳи ҳастаӣ аз Пхенян гумонбар нест, ИМА медонад, ки Кореяи Шимолӣ силоҳи ҳастаӣ дорад,"- гуфт Лавров дар сӯҳбат ба шабакаи телевизионии NTV, рӯзи 24 сентябр.

"Ман аз Кореия Шимолӣ тарафдорӣ намекунам, ман танҳо ҳарферо мегӯям, ки дигарон низ бо ин таҳлил розӣ ҳастанд"- афзӯд Сергей Лавров.

Ташануҷ бар сари озмоишҳои ҳастаии Кореяи Шимолӣ дар ин авохир рӯ ба афзоиш овард. Аввали моҳи равон Кореия Шимолӣ бомбаи нитрогениро озмоиш дод, ки ҳаҷми он 16 маротиб бештар аз бомбаест, ки Амрико соли 1945 ба Хирошима партоб кард. Дар посух, ҳавопаймоҳои бомбандози B-1B Lancer-и Нерӯҳи Ҳавоии ИМА, ҳамроҳ бо ҳавопаймоҳи ҷингӣ, рӯзи 23 сентябр дар фарози обҳои шарқии Кореияи Шимолӣ парвоз карданд. Ин дуртарин парвоз дар фарози минтақаи ғайри низомӣ буд, ки Кореия Шимолӣ ва Ҷанубиро аз ҳам ҷудо мекунад.

Лавров дар ин сӯҳбат ҳарфҳои президент Путинро такрор кард ва гуфт, "қобили тасаввур нест, ки ИМА, ё кишвари дигареро дар бораи силоҳҳои ҳастаии Кореяи Шимолӣ маълумоти сад дар садӣ дошта бошад."

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG