Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти охирин гурӯҳи зоирони тоҷик аз Саудӣ


Рӯзи 25-уми сентябр охирин гурӯҳ аз зоирони тоҷик ба ватан баргаштанд. Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи корҳои дин ва танзими расму оинҳои Тоҷикистон душанбеи 25-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки охирин гурӯҳ аз зоирони тоҷик аз Арабистони Саъудӣ тариқи ҳавопаймоӣ арабӣ, ба ватан бармегарданд. Ба гуфтаи ҷаноби Муқим ҳоҷиёни тоҷике, ки охирон баргаштаанд, ҳудуди 303 нафарро ҳастанд.

Бозгашти зоирони тоҷик аз Хонаи Худо дар таърихи 11-уми сентябр оғоз шуда буд ва ба гуфти масъулони Кумитаи корҳои дин ва танзими расму ойинҳои Тоҷикистон то кунун дар 20 парвози ҳавопаймоӣ ширкатҳои тоҷикӣ ва арабӣ ҳудуди 6 ҳазору 300 зоири тоҷик ба ватан баргаштанд.

Ҳаҷ барои ҳар мусалмон ҳадди ақал як бор дар зиндагиаш, дар сурати доштани қудрат ва тавоноӣ, фарз шудааст. Аммо тибқи қарори ду соли пеши мақомоти тоҷик, танҳо нафарони аз 40-сола боло ҳаққи сафар ба Маккаву Мадина барои анҷоми фаризаи Ҳаҷро доранд.

XS
SM
MD
LG