Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи Олмон. Садри аъзами оянда кӣ хоҳад буд?


Рӯзи 24-уми сентябр дар Олмон раъйдиҳӣ барои интихоби намояндагони Бундестаг ё порлумони ин кишвар оғоз ёфт.

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ва рақиби сотсиал-демократаш Мартин Шултс рӯзи 23-юми сентябр, як рӯз пеш аз баргузории интихобот, аз раъйдиҳандагон хостанд, ки ба ҳизби ростгароён овоз надиҳанд. Қарор аст, ин ҳизб нахустин бор пас аз ҷанги дувуми ҷаҳонӣ вориди порлумони Олмон бишавад.

Намояндагони баранда дар ин интихобот садри аъзами ояндаи Олмонро таъйин мекунанд. Ангела Меркел, ки 12 сол боз дар қудрат аст, талош дорад, бори чаҳорум ин мақомро ба даст биорад.

Дар интихоботи рӯзи якшанбеи Олмон Иттиҳоди ҳизби масеҳии демократи Ангела Меркел ва Ҳизби сотсиал-демократ пештозанд. Назарсанҷиҳо нишон медиҳад, ки блоки сиёсии Ангела Меркел аз 34 то 37 дарсад ва ҳизби сотсиал-демократ аз 21 то 22 дарсади ҳимояти мардум бархӯрдоранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG