Пайвандҳои дастрасӣ

Саакашвилӣ ба пардохти 130 доллар ҷарима муваззаф шуд


Михаил Саакашвилӣ

Додгоҳи вилояти Лвови Украина Михаил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳури пешини Гурҷистон ва раҳбари собиқи вилояти Одессаро барои убури ғайриқонунии марз гунаҳкор кард ва ба пардохти 3400 гривен ё тақрибан 130 доллар ҷарима муваззаф намуд. Қарори додгоҳ рӯзи 23-юми сентябр эълон шуд, аммо дар мурофиа худи Саакашвилӣ ҳузур надошт.

Михаил Саакашвилӣ моҳи июли имсол, замоне ки дар Амрико буд, аз ҳаққи шаҳрвандии Украина маҳрум шуд. Ӯ бар хилофи хост ва ҳушдорҳои мақомоти Украина рӯзи 10-уми сентябр дар ҳалқаи даҳҳо тарафдоронаш аз хоки Полша вориди Украина гардид.

Рӯзи 12-уми сентябр мақомоти пулис ба Саакашвилӣ ҳушдори хаттиро дар бораи шурӯи таҳқиқи ҳодисаи убури ғайриқонунии марз таслим карда буданд.

Саакашвилӣ соли 2015 шаҳрвандии Украинаро пазируфта, раҳбари вилояти Одесса шуд ва ҳамон сол аз шаҳрвандии Гурҷистон маҳрум гардид. Аммо вай дар моҳи ноябри соли 2016 аз мақоми раиси вилояти Одесса истеъфо дод ва ҳизби сиёсии худро таъсис намуда, ба як мунаққиди давлат дар Украина табдил шуд.

Михаил Саакашвилӣ, ки дар Гурҷистон аз солҳои 2004 то 2013 президент буд, дар он кишвар бо ҷурми фасод мавриди бозҷӯӣ қарор дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG