Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: Таҳдидҳо миёни ИМА ва Куриёи Шимолӣ ба манфиат нест


Сергей Лавров
Сергей Лавров

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, гуфт, ба ин бовар аст, ки табодули суханони таҳқиромез ва таҳдидҳо миёни раҳбарияти Амрикову Куриёи Шимолӣ қобили қабул нест. Ба қавли Лавров, зарур аст, ки ду тараф як қадаме ба ақиб бигузоранд.

Сергей Лавров рӯзи 22-юми сентябр дар як нишасти хабарӣ дар Ню-Йорк гуфт, Амрико ва Куриёи Шимолӣ монанди тифлони кӯдакистон даъворо оғоз кардаанд ва ҳеҷ кас наметавонад онҳоро мутаваққиф созад.

Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ дар вокуниши тунд ба суханони ахири Доналд Трамп, раиси ҷумури Амрико, ӯро аз назари равонӣ ошуфта хонд. Трамп ҳам Унро марди девона тавсиф кард.

Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи сешанбеи гузашта дар нишасти Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, агар Пхенян аз барномаи ҳастаиаш даст накашад, ИМА маҷбур хоҳад шуд, Куриёи Шимолиро комилан нобуд кунад.

Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, ҳоло зарурати баъзе тамосҳо ва коҳиши танишҳо пеш омадааст.

XS
SM
MD
LG