Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Покистон стратегияи ИМА-ро танқид ва аз Чин ситоиш кард


Шоҳид Хоқони Аббосӣ, нахуствазири нави Покистон
Шоҳид Хоқони Аббосӣ, нахуствазири нави Покистон

Нахуствазири нави Покистон Шоҳид Хоқони Аббосӣ дар нахустин суханронии худ дар маҷмаи кулли СММ рӯзи 21 сентябр стратегияи нави ИМА барои Афғонистонро маҳкум ва аз ҳамкориҳову нақши муҳими Чин дар минтақа ситоиш кард. Як стратегияи нави Кохи Сафед, ки тоза муаррифӣ шуд, пирӯзӣ дар ҷанги Толибон дар Афғонистонро ҳадаф қарор додааст. Амрико гуфтааст, дар сурате, ки Исломобод ба пуштибонии Толибони Афғонистон идома диҳад, ин кишвар аз кӯмакҳои ҳарсолаи ИМА маҳрум мешавад. Аббосӣ аз минбари СММ гуфт, ки паноҳгоҳҳои амни Толибон на дар Покистон, балки дар қаламравҳои зери назари Толибони Афғонистон қарор доранд. Вай дубора гуфт, ки Покистон қурбонии иттиҳомоти дигарон намешавад.

“Покистон бовар дорад, ки ҳадафи сареъ ва воқеӣ дар Афғонистон бояд чунин бошад: як – амалиёти ҳадафмандонаи решакансозии ҳузуди ДИИШ, Ал-Қоида ва дигар муттафиқони онҳо, аз ҷумла “Таҳрики Толибон” ва “Ҷамаоат-ул-Аҳрор”. Ин созмон ахиран аз ҷониби Шӯрои амнияти СММ террористӣ эълон шудааст. Ду – пешбурди музокироти миёни Кобул ва Толибони Афғонистон дар чаҳорчӯби Гурӯҳи ҳамоҳангсози чаҳоргона ва дигар гурӯҳҳои дахил дар ҷараёнҳои сулҳи Афғонистон. Ин ду иқдом натиҷаҳои воқеии истиқрори сулҳ ва субот дар Афғонистону минтақаро таъмин мекунад”.

Аббосӣ гуфт, ки Исломобод омодаи ҳамкорӣ бо Кобул дар амри хатми ҳамлаҳои марзӣ ва мубориза бо терроризм дар қаламрави кишвараш мебошад. Аббосӣ гуфт, он чи ки Покистон барои анҷом доданаш омода нест, ин пеш бурдани ҷанги Афғонистон дар хоки Покистон аст.

XS
SM
MD
LG