Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдидҳои бомбагузорӣ идома ёфтанд, ин дафъа дар Қафқози Шимолӣ


Коргарони хадамоти оташнишонӣ дар назди фурӯшгоҳи кудакон баъди таҳдиди бомбагузорӣ
Коргарони хадамоти оташнишонӣ дар назди фурӯшгоҳи кудакон баъди таҳдиди бомбагузорӣ

Мақомоти Русия рӯзи 22 сентябр гуфтанд, ки мавҷи таҳдидҳои телефонии бомбагузорӣ ахиран ба Қафқози шимолӣ расид.

Мақомоти Доғистон мегӯянд, ки онҳо садҳо донишҷӯ ва муаллимонро аз чаҳор мактаби миёна ва ду донишгоҳ дар Махачқалъа, баъди таҳдиди телефонӣ ба ҷойи безарар кӯч доданд.

Рӯзи 21 сентябр мақомоти минтақаи Осетияи Шимолӣ низ гуфтанд, ки онҳо баъди таҳдидҳои ҳамсон садҳо нафарро аз 18 бино дар Владикавказ ба ҷойи дигар бурданд.

Кӯчонидани одамон ба ҷойҳои дигар дар Маскав низ идома дорад. Хабаргузориҳои Русия аз қавли пулиси Маскав гуфтанд, ки рӯзи 22 сентябр дар пайи таҳдиди телефонии бомбагузорӣ, онҳо бошандагони 20 биноро берун оварданд.

Сар аз 10 сентябр, ҳазорон нафар аз мактабу фурӯшгоҳ, театру донишгоҳ ва меҳмонхонаҳои Русия кӯч дода шуданд. Таҳдидҳои телефонӣ мақомотро ба ин иқдом маҷбур кард.

То ҳол дар ягон маврид бомба ошкор нашудааст.

Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков рӯзи 14 сентябр ин таҳдидҳоро "терроризми телефонӣ" унвон кард ва гуфт, ки мақомот ҷинояткоронро пайдо хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG