Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Telia ба ИМА тақрибан 1 миллиард доллар ҷарима мепардозад


Ширкати мобилии шведии Telia (TeliaSonera-и собиқ), ки дар Узбакистон таҳти номи Ucell фаъолият мекунад, барои қонеъ кардани даъвоҳои марбут ба таҳқиқоти фасодкориаш дар Узбекистон, ба Амрико 965 миллион доллар ҷарима мепардозад. Ин созиш дар ҷаласаи додгоҳии рӯзи 21-уми дар шаҳри Ню-Йорк ҳосил шудааст.

Ширкати Telia вазифадор шудааст, ки 548 миллион доллар ба Вазорати адлияи ИМА ва 417 миллиони дигар ба Комисияи коғазҳои қиматнок ва биржаи Амрико пардозад. Нисфе аз ҷаримае, ки ба Вазорати адлияи ИМА пардохта мешавад, ба додситонии Нидерландия интиқол меёбад. Комиссияи коғазҳои қиматнок ва биржаи ИМА ҳиссаи худро бо додситонии Шветсия тақсим мекунад.

Пажуҳиши фасодкорӣ зидди ширкати мобилии Telia аз сӯи Амрико ва кишварҳои дигари Аврупо баъд аз он шуруъ шуд, ки соли 2014 вазорати адлия ва Комисияи коғазҳои қиматнок ва биржаи ИМА ширкати мобилиро дар пардохтҳои ғайриқонунӣ ба сохторҳои одамони наздики Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Узбакистон, гумонбар донистанд. Баъд аз шурӯи пажуҳиш бештар аз 850 миллион доллари ширкати шведӣ ба ҳабс гирифта шуд, ки дар бонкҳои Швейтсария, Белгия ва Люксембург нигаҳдорӣ мешуданд.

Таҳқиқи зиддикоррупсионӣ на танҳо нисбат ба ширкати Telia, балки нисбати ширкатҳои VimpelCom Ltd. ва Mobile TeleSystems низ шуруъ шуд.

Моҳи феврали соли 2016 ширкати VimpelCom розӣ шуд барои хомӯш кардани даъвоҳои фасодкорӣ дар Узбакистон, 795 миллион доллар ба мақомоти Нидерландия ва ИМА пардозад.

Дар додгоҳ собит шуд, ки ширкати мобилии шведӣ - Telia аз соли 2007 то 2010 чандин миллион доллар ба суратҳисоби ширкати Takilant интиқол додааст. Бар пояи маълумотҳо, ин ширкат ба Гулнора Каримова дахл дорад. Додситонҳо мегӯянд, ширкатҳои мобилӣ барои дарёфти иҷозати фаъолият дар Узбакистон ба духтари президенти ин кишвар пора додаанд.

Бар пояи созише, ки байни Telia ва вазорати адлияи ИМА ҳосил шуд, ширкати шведӣ се соли оянда бо мақомоти ИМА ҳамкорӣ мекунад, то ин ки афроди дигар ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

XS
SM
MD
LG