Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири Пхенян суханронии Трампро ба "ҷакидани саг" баробар кард


Вазири умури хориҷии Куриёи Шимолӣ Ри Йонг Ҳо
Вазири умури хориҷии Куриёи Шимолӣ Ри Йонг Ҳо

Вазири умури хориҷии Куриёи Шимолӣ Ри Йонг Хо, изҳороти президенти ИМА Доналд Трамп дар нишасти СММ-ро, ки гуфт агар Куриёи Шимолӣ ба Амрико таҳдид кунад ба хок яксон хоҳад шуд, ба "ҷакидани саг" баробар кард.

Ри Йонг Ҳо дар Ню Йорк ба хабарнигорон гуфт, "агар Трамп фикр мекунад, ки бо садои сагона моро ба тааҷҷуб меорад, пас ӯ воқеан хаёлпарварӣ кардааст."

Вазири умури хориҷии Куриёи Шимолӣ ба суоли хабарнигорон дар бораи ин ки Трамп роҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Инро "мушакбар" ном ниҳодааст, чӣ назар дорад гуфт: "барои ёварони ӯ мутаассифам".

Куриёи Шимолӣ 3 сентябр севумин ва бузургтарин озмоиши ҳастаияшро анҷом дод ва соли ҷорӣ чандин мушак, аз ҷумла мушакҳои болдори байниқоравиро партоб кард.

XS
SM
MD
LG