Пайвандҳои дастрасӣ

Қазоқистон ба нотаи эътирозии Қирғизистон посух дод


Парчамҳои Қазоқистон ва Қирғизистон

Вазорати умури хориҷии Қазоқистон рӯзи 20 сентябр намояндаи муваққати сафорати Қирғизистонро эҳзор кард ва нусхаи посух ба нотаи Қирғистонро ба ӯ супурд.

Дар ин нома Қазоқистон аз вокуниши вазорати умури хориҷии Қирғизистон, ба мулоқоти президент Назарбоев бо довталаби курсии президентӣ дар интихоботи Қирғизистон Омурбек Бабанов "изҳори тааҷуб" кард.

Қазоқистон гуфтааст, ки мулоқоти роҳбари давлат бо сиёсатмадорон ва роҳбарони ҳизбҳои сиёсии кишварҳои дигар бо хоҳиши худи онҳо баргузор мешавад ва ин як таҷрибаи маъмулӣ аст.

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон мегӯяд, ки раиси ҷуҳмур аз аз ҳеч номзади интихоботи раёсати ҷумҳури Қирғизистон пуштибонӣ накардааст. "Аз ин рӯ, мо пешдовариҳои ҷониби Қирғизистон, дар бораи дахолат ба умури дохилӣ ва талоши таъсиргузорӣ дар интихоби мардумро қатъиян рад мекунем", - зикр шудааст дар нота.

Сомонаи расмии президенти Қазоқистон 19 сентябр хабар дод, ки Назарбоев бо роҳбари ҷиноҳи "Республика - Ота-Журт"-и Қирғизистон Омурбек Бабанов мулоқот кард. Сомона менависад, мулоқот дар шаҳри Алмато сурат гирифт. Аммо санаи мулоқот хабар дода намешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG