Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бердимуҳаммадов дар бозиҳои осиёӣ рекорди нави мегузорад


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Созмондиҳандагони Панҷумин Бозиҳои осиёӣ ба маросими пӯшидашавии бозиҳо омода мешаванд. Расонаҳо менависанд, дар ин маросим президенти Туркманистон шояд ба рекорди нав комёб шавад.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар маросим суруди навашро иҷро бо ҳамовозии 7,5 ҳазор одам иҷро мекунад. Ин суруд "Ядимда" ("Ёд дорам) ном дорад.

Як манбаи наздик ба ин маърака гуфт, ҳарчанд мутахасисони хориҷӣ ин идеяро хуш надоранд, созмондиҳандагони Бозиҳои осиёӣ бовар доранд, ки анҷоми маросими ба ин шева ҷолибтар хоҳад буд. Манбаъ мегӯяд, созмондиҳандагони бозиҳо мехоҳанд, на танҳо маросими пӯшидашавӣ ҷолиб сурат бигирад, балки ба президент имкон фароҳам шавад, ки рекорди нав гузорад.

Моҳи ноябри соли 2015 дар шаҳри Марӣ дар маросими кушодашавии толори консерт Бердимуҳаммадов суруди "Ба пеш, ба пеш, танҳо ба пеш, кишвари ман Туркманистон"-ро иҷро карда буд. Он замон наздики 4 ҳазор одам бо ӯ ҳамовозӣ карда буданд. Ин суруд на танҳо шомили Китоби рекордҳои Гиннес шуд, балки ҳамчун суруди расмии Бозиҳои осиёӣ эълон гардид.

XS
SM
MD
LG