Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғанӣ аз қарори қатъии Трамп барои мубориза бо Толибон истиқбол кард


Ашраф Ғанӣ ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи Ассамблеяи СММ дар Ню Йорк
Ашраф Ғанӣ ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи Ассамблеяи СММ дар Ню Йорк

Раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ аз қотеияти Доналд Трамп барои мубориза ва пирӯзӣ бар Толибон истиқбол кард ва гуфт, ки дар набарди ҷаҳонӣ бар зидди терроризм, Афғонистон дар "хати аввали ҷабҳа" қарор дорад.

Ашраф Ғайнӣ, ки рӯзи 19 сентябр аз минбари Маҷмаъи кулли Созмони Милали Муттаҳид сӯҳбат мекард, аз Покистони ҳамсоя хост, ба гуфтугӯи фарогири суботу амнияти минтақавӣ, ки роҳро ба сӯи комёбӣ ҳамвор мекунад, ворид шавад.

Раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, ки беш аз 20 гурӯҳи террористии байналмилалӣ бо шабакаи танзимшуда дар хоки ин кишвар ҷамъ шудаанд ва сарнавишти Афғонистон аҳамият дорад, ки зеро кишвар дар саргаҳи муборизаи решакан кардани террорими байналмилалӣ ҷойгир шудааст.

Ғанӣ аз стратегияи нави президенти ИМА Доналд Трамп дар Афғонистон ситоиш кард ва гуфт, ки "мардуми Афғонистон солҳо ин гуна роҳи ҳалро аз Ийолоти Муттаҳида интизор буданд."

XS
SM
MD
LG