Кумитаи иктишофии Сенати ИМА мулоқоти пушти дарҳои баста бо Майкл Коэн, вакили дифои президент Трампро мутавақиф кард. Коэн рӯзҳои наздик ба ҷаласаи боз даъват хоҳад шуд. Ӯ 19 сентябр ба хабарнигорон гуфт, к и на худаш ва на Доналд Трамп дар интихоботи президентии соли 2016 бо Москва созиш накардаанд.
Моҳи августи соли равон маълум шуд, ки Коэн дар робита ба бунёди "Trump Tower" дар шаҳри Маскав, аз сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков кумак хостааст.
Ин номаро Коэн моҳи январи соли 2016 ба воситаи почтаи электронӣ ирсол кард, вале посух нагирифтааст. Ин маълумот Маълумот дар натиҷаи пешниҳоди баъзе аснод ба Конгресс ошкор шуд. Конгресс созиши эҳтимолии ситоди интихоботии Трампро бо Москва таҳқиқ мекунад.
Коэн иттиҳоми зидди Трампро талоши ба ҳам задани эътибори президентии ӯ номид. Москва низ борҳо кӯшиши дахолаташ дар умури дохилии ИМА-ро рад кардааст.