Пайвандҳои дастрасӣ

Муаллифи "Матилда" аз сарнавишти наздиконаш нигарон аст


Алексей Учитель

Алексей Учител, коргардони рус дар як сӯҳбати вежа бо бахши русии Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳангомаи атрофи филми "Матилда" ӯро аз сарнавишти наздиконаш нигарон кардааст.

Учител мегӯяд, "созмоне бо номи "Давлати Масеҳӣ", ки ба таври озод дар интернет фаъолият мекунад ва ҳатто дар телевизион пайдо мешавад, таҳдид кардааст, ки дасту пойи маро мешиканад." Алексей Учител мегӯяд, ҳоло бидуни муҳофиз ҳаракат мекунад, аммо дар ҳоле, ки шишаҳои пур аз маводи оташзо ба студия партоб мешаванд, хоҳ нохоҳ нигаронӣ аз амнияти наздикон бештар мешавад.

Маъракаи зидди филми "Матилда"-ро депутат Наталя Поклонская оғоз кард. Ба назари Поклонская филм дар бораи достони ишқи императори оянда Николай-II бо раққосаи белат Матилда Ксешиская ба эҳсоси имондорон зарба мезанад. Ахран фаъолони калисои провославӣ гуфтаанд, онҳо ҳар кинотеатреро оташ мезананд, ки дар он филм ба намоиш медарояд.

Рӯзи 11 сентябр афроди ниқбпӯш ду мошинро дар назди хонаи вакилон, ки аз ҳуқуқи Алесей Учител ҳимоят мекунанд, оташ заданд ва варақаҳоеро бо навиштаи "Барои Матилда бисӯз" пахш карданд.

Биноба масъалаи амнияти даҳҳо синамои Русия аз намоиши "Матилда" даст кашиданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG