Пайвандҳои дастрасӣ

Озарбойҷон хабарнигори мустақилро ба 9 соли зиндон маҳкум кард


Хабарнигорон дар назди додгоҳи Боку

Додгоҳе дар Озарбойҷон хабарнигори мунаққиди ҳукуматро аз рӯи ба гуфтаи вакилаш парвандаи сиёсӣ, ба муддати 9 сол зиндонӣ кард.

Додгоҳи ҷиноятҳои сангини шаҳри шимолии Шекӣ, рӯзноманигор Элчин Исмоилиро ба пулситонӣ ва суиистифода аз мақом муҷрим донист ва ҳукми ӯро рӯзи 18 сентябр эълон кард.

Исмоилӣ моҳи феврал ба думболи шикояти мақоми Департаменти фарҳанг ва сайёҳӣ, ки рӯзноманигорро ба пулситонӣ муттаҳам мекард, боздошт шуд.

Элчин Исмоили иттиҳомро рад мекунад. Вакили ӯ Елчин Саидов гуфт, ки парвандаи зерҳимояааш сиёсӣ аст ва Исмоилӣ набояд ба суиистифода аз мақом муттҳам мешуд, зеро ӯ мақоме надорад.

Ҳукуматҳои ғарбӣ ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар мегӯянд, ки ҳукумати президент Илҳом Алиев қудрати худро аз роҳи саркуб кардани матуботи мустақил, хабарнигорон ва фаъолони сиёсӣ ҳифз мекунад.

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев зимоми ин кишвари ғанӣ аз нафти Қафқози Ҷанубиро, ки 10 миллион аҳолӣ дорад, каме пештар аз марги падараш Ҳайдар Алиев ба даст гирифт ва интиқодро қабул надорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG