Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ду кочоқбар кушта шуд


Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон
Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Ду кочоқбари афғон ҳангоми кӯшиши интиқоли маводи мухаддир дар ду амалиёти ҷудогона дар хоки Тоҷикистон кушта шуд. Тибқи иттилои Маркази матбуотии Қушунҳои сарҳадии КДАМ, қочоқбари аввал рӯзи 14 сентябр дар ноҳияи Панҷ ва дигарӣ рӯзи 15 сентябр дар Ҳамадонӣ кушта шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, сарҳадбонон бо кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ бо як гурӯҳ кочоқбарон вориди даргирӣ шуда як танашон кушта ва нафари дигар ба Афғонистон фирор кард.

“Дар ҷои ҳодиса тақрибан 50 кг маводи мухаддири ҳашиш, 1 адад яроқи оташфишони АКМ-47, 5 адад тирдон, 81 дона тир, 2 адад норинҷаки дасти Ф-1 ва 1 адад телефони мобилии Самсунг дарёфт ва мусодира шуд”, мегӯяд манбаъ.

Ҳодисаи дуюми кушта шудани кочоқбар дар ноҳияи Ҳамадонӣ рух додааст. Дар ин ҳодиса ҳам миёни қочоқчиён ва марзбонон як задухӯрд сурат гирифт. Пас аз кушта шудани кочоқбар ва фирори ҳамроҳонаш, аз маҳали ҳодиса “тақрибан 13 кг маводи мухаддири навъи афъюн, 1 кг бангдона, 1 адад яроқи оташфишони АКМ-7,62, 5 адад тирдон, 132 дона тир, 1 адад ГП-25 (подствольник) бо 3 дона тир дарёфт шудааст”.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи муштарак дорад ва хатари убури қочоқчиён ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ифротӣ яке аз нигарониҳои ҷониби Тоҷикистон боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG