Пайвандҳои дастрасӣ

ВАО: Қибрис ба миллиардерҳои рус шаҳрвандии Аврупоро мефурӯшад


Парчами давлатҳои узви Иттиҳоди Аврпуо

Намояндагони Қибрис ба миллирадерҳои Русия ва Украина, аз ҷумла нафароне, ки ба фасодкорӣ муттаҳам шудаанд, шаҳрвандии кишвари худ ва ҳамин тавр Иттиҳоди Аврупоро пешниҳод мекунанд. Дар ин бора нашрияи The Guardian хабар дод. Ба навиштаи нашрия, соли 2013 Қибрис ба ивази 400 шиноснома, аз руи схемаи "визаи тиллоӣ", 4 миллиард евро гирифтааст.

Дар байни онҳое, ки шаҳрвандии Қибрисро дарёфт карданд, мегӯяд нашрия, вакили пешини Думаи давлатии Русия ва бунёдгузори бузургтарин бонки Украина ҳузур доранд. Номи ин афрод ошкор нашудааст. Ба рӯйхат ҳамчунин нафарони "дорои нуфӯзи беандозаи сиёсӣ" шомил шудаанд, менависад The Guardian.

Қибрис барномаи сармоягузорӣ ба ивази шаҳрвандиро соли 2013 рӯи даст гирифт. Аз рӯи ин схема, довталаб бояд барои амволи ғайриманқули Қибрис 2 миллион евро сармоягузорӣ кунад. Довталаб ҳамчунин метавонад 2,5 миллион евро ба ширкатҳои давлатӣ гузорад ё ба қоғази қимматбаҳо. То соли 2013 шаҳрвандии Қибрис бо иҷозаи вазоратҳо ироа мешуд.

Соли равон Иттиҳоди Аврпуо аз кишварҳои узваш талаб мекунад, ки шахсияти довталабони "визаи тиллоӣ"-ро ба тари ҷиддӣ омӯзанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG