Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шанси охирини Аун Сан Су Чи барои ором кардани бӯҳрони Роҳинҷа


Аун Сан Су Чи
Аун Сан Су Чи

Дабири кулли Сомзони Милали Муттаҳид Антонио Гуттерас гуфт, ки раҳбари Мянмар Аун Сан Су Чи, барои ором кардани бӯҳрони кишвараш, ки то ҳол мунҷар ба фирори беш аз 400 ҳазор мусалмони Роҳинҷа ба Бангладеш шудааст, охирин шансро дар ихтиёр дорад. Аун Сан Су Чи, ҷоизадори Нобел, раҳбари Мянмар, бинобар таъқиби мусалмонони Роҳинҷа, махсусан дар аёлати аксаран бутпарасти Рохин, дар ростои интиқодҳои шадид қарор гирифтааст.

Хуруҷи саросарии мусалмонҳо аз Мянмар 25 август, замоне оғоз шуд, ки нерӯҳои аминятӣ бо гумони даст доштани мусалмонҳо дар ҳамла ба идораи пулис ва пойгоҳҳои низомӣ, қавми Роҳинҷаро саркуб карданд. Мақомот мегӯянд, ки дар ин ҳамлаҳо 12 афсари амниятӣ кушта шуд. Артиш теъдоди шӯришиёни кушташударо 400 нафар мегӯяд.

Интизор меравад, ки бӯҳрони Роҳинҷа дар радифи мавзӯҳои калидии нишасти Маҷмаи кулли СММ қарор мегирад, ки хоҳад буд, ки рӯзи 18 сентябр дар Ню-Йорк оғоз мешавад. Аун Сан Су Чи ба ин нишаст намеравад, аммо рӯзи 19 сентябр бӯҳрони ахирро дар сухаронии телевизионияш матраҳ мекунад.

XS
SM
MD
LG