Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА "гузинаи низомӣ"-и посух ба Кореяи Шимолиро меомӯзад


Намояндаи доимии ИМА дар СММ Никки Ҳейлӣ 17 сентябр гуфт, Шӯрои амният барои пешгирӣ аз барномаҳои ҳастаии Кореяи Шимолӣ тамоми гузинаҳоро истифода кард. Ба гуфтаи ӯ, мумкин аст, маъмурияти ИМА барои ҳалли ин масъала ба Пентагон муроҷиат кунад.

Никки Ҳейлӣ афзуд, ки Вашингтон омӯзиш ва коркарди ҳамаи гузинаҳои дигарро идома хоҳад дод. "Гузинаҳои зиёди низомӣ низ дар ҳоли баррасианд", - қайд кард ӯ.

Мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ Ҳерберт Макмастер дар суҳбат бо "Fox News Sunday" гуфт, Пхенян наздик омадааст, ки ба ИМА таҳдид кунад. Ба гуфтаи ӯ, зидди Кореяи Шимолӣ бояд бо кумаки таҳрим ва роҳҳои дипломатӣ зуд чора андешида шавад. "Агар лозим бошад, ба "гузинаи низомӣ" низ бояд омодагӣ дид", - афзуд генерал.

Кореяи Шимолӣ чанд рӯз пеш мушаки болдори навбатии худро озмоиш кард. Раҳбари он Ким Чен Ин гуфт, Пхенян талош дорад, ки тавонмандии ҳастаии худро бо ИМА баробар кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG