Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО: "Запад - 2017"-и нирӯҳои Русия ва Беларус шаффоф нест


НАТО аз машқҳои якҷояи нирӯҳои Русия ва Беларус, ки ҳафтаи гузашта оғоз шуда, то 20-уми сентябр идома хоҳад дошт, ба хотири набуди шаффофият нигарон аст.

Дар ҳоле ки Русия мегӯяд, дар ин тамринҳо 13 ҳазор сарбоз иштирок дорад, паймони НАТО бар ин назар аст, ки дар тамрини низомии “Запад-2017” то 100 ҳазор низомии рус ва беларусӣ ширкат доранд.

Петр Павел, раиси комиссияи низомии НАТО, рӯзи 16-уми сентябр дар як мусоҳиба бо хабаргузории “Ассошиайтед-Пресс” гуфтааст, “мо ҳам таҷаммӯи бузурги низомӣ дар минтақаи Балтика ва Баҳри Сиёҳ дорем ва эҳтимоли вуқӯи ҳаводис ба хотири иштибоҳи инсонӣ ва харобии техникӣ хеле зиёд аст.”

Генерал Павел ва чандин мақоми низомӣ ва сиёсии дигари Ғарб аз ин тамриноти васеъ ибрози нигаронӣ доранд. Аммо Маскав мегӯяд, ки тамрин кадом амали душманона нест ва НАТО дар ҳадафи ин машқи низомӣ қарор надорад.

Тамрини муштараки Русия ва Беларус ҳафтаи гузашта таҳти унвони “Запад-2017” дар қаламрави ду кишвар оғоз шуд. Машқҳо дар се пойгоҳи Русия ва шаш пойгоҳи низомии Беларус ҷараён доранд.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати дифои Русия, дар тамрин аз тақрибан 70 чархболу ҳавопаймо, наздик ба 250 тонк, сохтори мушакӣ ва 10 киштии ҷангӣ истифода мешавад.

XS
SM
MD
LG