Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як ҷавон дар робита ба ҳамлаи “Парсонс Грин”


Пулиси Бритониё як ҷавони ҳаждаҳсоларо бо гумони даст доштан дар ҳамлаи рӯзи ҷумъа дар як истгоҳи метрои Лондон боздошт кардааст. Мақомот рӯзи 16-уми сентябр гуфтанд, ин ҷавон дар шаҳри соҳилии Довер дастгир гардид.

Ҷузъиёти бештар дар даст нест. Мақомоти расмӣ низ нагуфтаанд, ки оё гумонбарони дигарро ҷустуҷӯ доранд, ё на.

Як дастгоҳи пинҳоншудае, ки субҳи 15-уми сентябр дар истгоҳи “Парсонс Грин”-и метрои Лондон ба кор даромад, 30 нафарро захмӣ кард. Ин истгоҳ субҳи шанбе дубора мавриди истифода қарор гирифт, аммо нахуствазир Тереза Мей хатари терроризм ба кишварашро хеле боло арзёбӣ намуд.

Қаблан гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар як эъломия масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG