Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нурсултон Назарбоев бо сафари давлатӣ ба Узбакистон рафт


Нурсултон Назарбоев ва Шавкат Мирзиёев
Нурсултон Назарбоев ва Шавкат Мирзиёев

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон ва аз дарозумртарин раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, рӯзи 16-уми сентябр бо як сафари давлатӣ ба Узбакистон рафт. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Қазоқистон гуфт, ки Назарбоевро дар фурудгоҳи Тошканд президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев истиқбол гирифтааст.

Ба қавли манбаъ, ду тараф масоили муҳим, аз ҷумла чигунагии тавсеаи ҳамкорӣ миёни Тошканду Остонаро баррасӣ хоҳанд кард.

Аз замони даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узабистон, дар моҳи сентябри соли гузашта ин сафари дувуми Назарбоев ба ин кишвари сернуфуси минтақа аст. Соли гузашта ӯ ба зиёрати қабри Каримов ба шаҳри Самарқанд рафта, бо Шавкат Мирзиёев, ки он вақт иҷрокунандаи вазифаи президент буд, мулоқот анҷом дод.

Нурсултон Назарбоев танҳо раҳбари кишварҳои пасошӯравист, ки аз замони пойбарҷоии Шӯравӣ то кунун дар сари қудрат аст.

XS
SM
MD
LG