Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полис таркиши метрои Лондонро таҳқиқ мекунад


Матбуоти Бритониё навишт, ки дар як истгоҳи метрои самти ҷанубуғарби шаҳри Лондон субҳи 15-уми сентябр як халтаи сафеди дорои маводи тарканда мунфаҷир кард. Полис тасдиқ кард, ки дар робита бо ҳодисае дар истгоҳи Парсон Грини метро таҳқиқ шурӯъ шудааст.

Ин минтақа ба маҳаллаи маъруфи Уимблдон тааллуқ доранд, ки бозиҳои ҷаҳонии теннис дар ҳамин ҷо баргузор мешавад. Хатлаи сафед марбут ба як супермаркети маҳаллӣ будааст.

Як шоҳиди ҳодиса ба оҷонсии Reuters гуфт, ки дар қатори метрои истгоҳи Парсон Грин нахуст садои мағшуше баланд шуд ва мошине дар канораш оташ гирифт. Бархе гузоришҳои муқаддамотӣ дар бораи чандин захмӣ хабар доданд, аз ҷумла бархе бо ҷароҳати сӯхтори рӯй дида шудаанд.

Як шоҳиди ҳодиса дар сӯҳбат бо телевизиони Би-би-сӣ гуфт: "Баъди як садои таркиш дар назди қатори метро якбора алангаи оташ баланд шуд. Баъзе дигар одамоне, ки дар пушти қатор буданд, гуфтанд, ки садои таркишро хеле рӯшан шуниданд. Дари қатор боз шуд ва мусофирон якбора фирор карданд. Бисёриҳо талош доштанд аз болои якдигар гузашта аз дохили метро берун шаванд".

Ба нақл аз дигар шоҳидон оҷонсии хабарӣ гуфтааст, ки мардум дар тарсу таҳлука афтода макони ҳодисаро осемасарона тарк мекарданд. Ба назди истгоҳи метро баробар бо полис инчунин мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ шитофт.

Дар миёни ходимони ёрии таъҷилӣ мутахассисони собиқадори тиббе ҳам дида мешаванд, ки таҷрибаи кор дар нуқтаҳои доғро доранд ва аз ҷароҳатҳо дар макони саноативу маводи тарканда иттилоъ доранд.

Мақомоти нақлиёти Лондон гуфтанд, ки ҳаракат дар бахше аз хати метроро қатъ кардаанд.

XS
SM
MD
LG