Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тангаи қадимӣ-2" ё Парвандаи нави ҷиноӣ барои қочоқи сиккаи қадима


Татяна Хужина, ки дар қочоқи тангаи қадима аз Тоҷикистон ба Русия гумонбар шуд, давоми се моҳ дар Душанбе монд ва баъди пардохти ҷарима ба ватан баргашт
Татяна Хужина, ки дар қочоқи тангаи қадима аз Тоҷикистон ба Русия гумонбар шуд, давоми се моҳ дар Душанбе монд ва баъди пардохти ҷарима ба ватан баргашт

Маъмурони гумруки Тоҷикистон боз як сиккаи таърихиву фарҳангиро дар фурудгоҳ ошкор карданд. Аз маркази матбуотии Хадамоти гумруки Тоҷикистон 14 сентябр ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки 4 сентябр зимни назорати гумрукии хатсайри №960 самти «Хуҷанд-Москва» бағоҷи дастии шаҳрванд Д.Н. аз назорати гумрукӣ гузаронида шуд.

“Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили сумкачаи мардонаи чармини рангаш сиёҳ як адад сикка (танга)-и рангаш нуқрагин бо навиштаҷоти дар тарафи аввалин «Б.М. Павел II М II И Само Д-Все Росс», дар тарафи дуюм «Моната рубл 1796 года» дарёфт ва гирифта шуд, ки номбурда мехост, онро ғайриқонунӣ аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронад”, - хабар медиҳад маркази матбуотии Хадамоти гумруки Тоҷикистон.

Мувофиқи хулосаи экспертизаи таърихии фарҳангии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, сиккаи нуқраранги барои ташхис пешниҳодгардида арзиши таърихию фарҳангӣ дорад ва бе иҷозатномаи мақомоти ваколатдор интиқоли он аз ҳудуди Тоҷикистон мамнуъ мебошад. Хадамоти гумрук хабар медиҳад, ки дар ин робита парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқи онро ба зиммаи Додситонии вилояти Суғд вогузор шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 18 июни соли ҷорӣ Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе Татяна Хужина, шаҳрванди Русияро барои талоши қочоқи як тангаи дутинаи замони шоҳигарии Русия боздошт карда буд. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 21-уми август ҳукм кард, ки шаҳрванди Русия ба пардохти 100 нишондиҳанда – баробар бо 5000 сомонӣ ё 561 доллари амрикоӣ вазифадор мешавад. Баъд аз пардохти ин ҷарима Татяна Хужина Тоҷикистонро тарк кард.

XS
SM
MD
LG