Пайвандҳои дастрасӣ

Порлумони Ироқ тарҳи референдуми истиқлолияти курдҳоро рад кард


Нахуствазири Ироқ Ҳадар ал-Ибодӣ

Порлумони Ироқ бар зидди тарҳи барномарезишудаи референдуми истиқлолияти курдҳо райъ дод ва аз нахуствазир Ҳайдар ал-Ибодӣ талаб кард, ки барои ҳифзи якпорчагии Ироқ аз тамоми чораҳо кор бигирад ва гуфтугӯи ҷиддиро бо раҳбарони Курдҳо ба роҳ монад.

Қонунгузорони курд дар порлумони Ироқ рӯзи 12 сентябр, пеш аз рад шудани траҳи назарпурсӣ, толори ҷаласаро тарк карданд. Раҳбари курдҳо Масъуд Барзанӣ қавл дод, ки референдум аз рӯи барнома пеш хоҳад рафт. "Муколама бо Бағдод баъди референдум аз сар гирифта мешавад,"- гуфт Барзанӣ.

Назарпурсии истиқлолияти курдҳо ба муқовимати шадиди Ирон ва Туркия низ рӯ ба рӯ аст, ки мегӯянд, райъдиҳӣ ҷумбушиҳои ҷудоиталаби кишварҳои онҳоро таҳрик хоҳад дод.

ИМА ва Иттиҳоди Аврпуо ҳам аз ин маърака пуштибонӣ намекунанд ва нигаронанд, ки он метавонад ҳукумати бе ин ҳам заъифи Ироқро заъифтар кунад.

Минтақаи курднишин соли 2005, дар асоси қонуни асосӣ, ки Ироқро ҷумҳурии федералӣ эълон кард, мухторият ба даст оварданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG