Пайвандҳои дастрасӣ

Ташвиши Э.Раҳмон аз афзоиши ҷиноят дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин


Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз афзоиши ҷурму ҷиноят дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи собиқ), воқеъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, изҳори нигаронӣ кард. Ӯ рӯзи 13-уми сентябр ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар мулоқоте бо раҳбарон ва сокинон гуфт, “дар панҷуним соли охир дар ин ноҳияи марзӣ 854 ҷиноят сабт шудааст, ки аз ин шумора 169 ҳолат вобаста ба қочоқи маводи мухаддир мебошад”.

Ба қавли раиси ҷумҳур, дар ин муддат 5 тоннаву 725 кило маводи мухаддир ҳам мусодира шудаааст, ки ба ҳисоби миёна 30 дарсади маводи ҳар сол дар кишвар мусодирашавандаро ташкил медиҳад.

Ин аст, ки оқои Раҳмон чунин вазъро боис ба ташвиши ҷиддӣ арзёбӣ кард ва аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дигар сохторҳои дахлдор ва падару модарон хост, ки ҳамкориро барои пешгирӣ аз қочоқои маводи мухаддир пурзӯр намоянд.

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ноҳияи марзии Шамсиддин Шоҳин бо баҳрабардорӣ аз бинои маъмурии шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон оғоз шуд. Баъдан ӯ мактаби навбунёдеро дар маркази ноҳия низ ифтитоҳ кард. Ҳамчунин ба корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳ ва Қасри фарҳанги ноҳия оғоз бахшида, корхонаҳои дӯзандагӣ ва коркарди меваву сабзавотро ба истифода дод.

Қарор аст, раиси ҷумҳур шоҳроҳи байналмилалии мошингарди Шӯрообод – Шоҳонро ба истифода дода ва корҳои таҷдиду азнавсозии қитъаҳои Кӯлоб – Шӯрообод ва Шкев – Қалъаихумбро оғоз бахшад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG