Дар чанд ҷумла
Мулоқоти раиси Бонки Исломии Рушд бо президенти Тоҷикистон

Бандар ал-Хаҷҷар, раиси Бонки Исломии Рушд, 12-уми сентябр бо сафари серӯза вориди Тоҷикистон шуд ва бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Қарор аст, ӯ дар маросими баҳрабардорӣ аз ду марҳилаи аввали роҳи Кӯлоб-Қалъаихумб иштирок кунад. Иҷрои ин тарҳ 115 миллион доллар арзёбӣ шудааст ва барои анҷоми комили он ҳудуди 50 миллион доллари дигар зарур аст.
Зимнан, баъд аз зуҳри 11-уми сентябр раҳбарияти Сандуқи ОПЕК ихтисоси 10 миллион доллар бахши ин пружаро ба ӯҳда гирифт. Раҳбарияти Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон ба далели ворид накардани халал ба раванди музокирот аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ карданд, аммо гуфта шуд, ки дар моҳи майи соли ҷорӣ миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ барои сармоягузории ҳудуди 40 миллион доллар ба ин тарҳ тавофуқ шуда буд.
Берун шудан аз бунбасти коммуникатсионӣ аз ҳадафҳои стратегии ҳукумати Тоҷикистон дар 26 соли истиқлоли ин кишвар аст. Абдуғаффор Рауфӣ, як иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, мавриди истифода қарор додани роҳи мошингард миёни Бадахшон ва қисмати марказии Тоҷикистон ба рушди ин минтақаи кӯҳистонии кишвар мусоидат хоҳад кард.
Ӯ рӯзи 12-уми сентябр гуфт, “роҳсозӣ дар шароити Тоҷикистон хеле муҳим аст ва барои кишвар фарқ надорад, ки ин маблағ аз куҷо мерасад – Бонки Ҷаҳонӣ ё Бонки Рушди Исломӣ. Муҳим ҳалли мушкили сокинони ин минтақа аст, ки дар давоми сол танҳо 4-5 моҳ метавонанд ба минтақаҳои дигари кишвар равуо кунанд. Аз Бонки Исломии Рушд ин сармоягузорӣ ҳеҷ таъсире надорад.”
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони дигари тоҷик, низ ба аҳамияти иқтисодии ин тарҳ таъкид карда, гуфт, мавриди истифода қарор додани роҳи мошингарди Шӯрообод то ба самти Рӯшон шароит фароҳам мекунад, истихроҷи маодин аз кони гилхоки Курговад дар ноҳияи Дарвоз оғоз карда шавад. Шурӯи тавлиди гилхок дар ноҳияи Дарвоз ба рушди арсаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон сабаб мешавад.
Тоҷикистон соли 1996 ба узвияти Бонки исломии рушд пазируфта шуд ва то ҳол аз ин ниҳоди молӣ ҳудуди 400 миллион доллар қарзу кумак дарёфт кардааст. Дар ҳоли ҳозир қарзи Тоҷикистон аз БИР 112 миллион доллар арзёбӣ мешавад. Тарҳи бузурге, ки БИР дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст, сохтмони роҳи мошингарди Шоҳон-Зиғар мебошад.
57 кишвари ҷаҳон узви ин бонк ҳастанд ва дафтари марказиаш дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ воқеъ мебошад. Ин ниҳоди молӣ, ки тибқи муқаррароти шариати исломӣ фаъолият мекунад, асосан бахшҳои ҳамлу нақл ва энергетикиро сармоягузорӣ мекунад.
Бандар ал-Хаҷар то замони интихобаш ба вазифаи раиси БИР вазири корҳои Ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ буд.
Тоҷикистон дар солҳои баъд аз касби истиқлол дар соли 1991 ба таври ҷиддӣ ба ҳалли мушкилоти иртиботӣ машғул аст. Дар ин солҳо бо истифода аз кумакҳои молӣ ва қарзҳои Бонки Ҷаҳонӣ, Сандуқи Байналмиллалии Пул, Бонки Рушди Осиё, созмонҳои мухталифи исломӣ ва кишварҳое назири Чин ва Эрон сохтмони роҳҳои дохили кишвар, аз ҷумла роҳи миёни Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Рашт ва Душанбе то марзи Чину Узбакистон ба маблағи беш аз як миллиард доллар анҷом шудааст. Бахши аслии ин маблағ аз тариқи қарз ё кумаки бебозгашт дарёфт шудаанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Садамаи муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон. Аҳволи ду нафар вазнин аст

Аҳволи ду муҳоҷири тоҷик, ки рӯзи 20-уми май дар Қазоқистон ба садама дучор шудаанд, вазнин будааст. Дар ин ҳодисаи мудҳиш 6 нафар ба ҳалокат расида, 5 тани дигар захмӣ шуданд. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва сокинони ноҳияи Қубодиён ҳастанд.
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ аз Ҷамъияти тоҷикони Қазоқистон, аҳволи ду нафар аз захмиён вазнин будааст. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, ин ду нафарро ба беморхонаи марказии вилояти Қустанай интиқол додаанд. Ронанда ва ду мусофири дигарро дар бемористони марказии ноҳияи Қарабалик бистарӣ кардаанд.
Мошини "Форд Транзит", ки аз Тоҷикистон ба Русия мерафт, субҳи 20-уми май ба як мошини боркаши DAF бархӯрд. Дар ин ҳодиса шаш кас ҳалок шуданд, ки як нафарашон зан буд. Фавтидаҳо аз 24 то 67 сол доштанд.
Ба гузориши расонаҳои маҳаллии Қазоқистон, ронандаи мошин дар бозпурсиҳои аввал эътироф кардааст, ки садама бо айби ӯ рух дод. Ронанда гуфтааст, ки ӯро дар сари фармони мошин хоб бурд.
Дар ҳамин ҳол, як манбаъ дар ҳукумати ноҳияи Қубодиён гуфт, ҷасади қурбониён рӯзи 21-уми май ба ватан интиқол дода мешавад.
Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, қариб ҳамаи фавтидаҳо хешу табор буданд ва дар деҳаи Зиракии ҷамоати Чорбоғ зиндагӣ мекарданд.
Намояндагони Ҷамъияти тоҷикони Қазоқистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, барои интиқоли ҷасадҳо ба Тоҷикистон ёрӣ мерасонанд.
Бо сабаби гарон будани билети ҳавопаймо, бархе муҳоҷирони тоҷик талош мекунанд аз тариқи роҳҳои заминӣ ба Русия раванд.
Дар гузашта ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон дар роҳ ба Русия ба садама дучор шуда, ҷонашонро аз даст дода буданд.
Дар Маскав барои муҳоҷирон тартиби нав ҷорӣ карданд

Думаи давлатии Русия бо қабули қонуни нав муҳоҷиронро муваззаф кард, ки дар шаҳр ва вилояти Маскав макони ҷойгиршавии худро ҳар рӯз ба пулис хабар диҳанд. Қонун рӯзи 20-уми май қабул шуд.
Бар асоси ин санад, аз 1-уми сентябри имсол дар шаҳри Маскав ва вилояти ҳамноми он, таҷрибаи нав дар бораи макони ҷойгиршавии муҳоҷирон ҷорӣ мешавад.
Ин тартиб муҳоҷиронро муваззаф мекунад, ки тариқи барномаи махсуси телефонӣ, дар куҷо будани худро ба сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ хабар диҳанд.
Агар мақомоти Русия дар муддати се рӯз ё бештар аз он дар бораи дар куҷо будани муҳоҷир маълумот нагиранд, пас ин шаҳрванди хориҷӣ ба рӯйхати шахсони зери назорат ворид карда мешавад. Ворид шудани номи шахс ба ин рӯйхат будубоши ӯро дар Русия манъ мекунад.
Ба ҷуз муҳоҷирон, тартиби нав барои ҳама шаҳрвандони хориҷие амалӣ карда мешавад, ки ба муддати зиёда аз 90 рӯз вориди Маскав ва вилояти ҳамноми он мешаванд. Дипломатҳо, хонаводаи онҳо ва шаҳрвандони Белорус аз ин иҷрои ин муқаррарот озоданд.
Ин тартиб дар навбати аввал ба муддати чор сол ва танҳо дар вилоят ва шаҳри Маскав амалӣ мешавад. Дар назар аст, ки сар аз соли 2029 ин муқаррарот дар тамоми Русия ҷорӣ шавад.
Баъди соли 2024 Русия барои муҳоҷирон қонунҳои сахтгирона ҷорӣ кард.
Бонки исломии рушд сармоягузорӣ ба "Роғун"-ро оғоз кардааст

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, раванди сармоягузории Бонки исломии рушд ба неругоҳи "Роғун" оғоз шудааст.
Дафтари матбуотии Вазорати рушди иқтисод мегӯяд, ин мавзӯъ дар дидори вазир Завқӣ Завқизода бо намояндагони Бонки исломии рушд, дар Ҷумҳурии Алҷазоир, баррасӣ шудааст.
Бонки исломии рушд як сол пеш аз сармоягузорӣ ба неругоҳи “Роғун” хабар дода буд.
Қарор аст ин ниҳоди молии байнулмилалӣ барои "Роғун" 550 миллион доллар ҷудо кунад, ки 150 миллион аз ҳисоби худи бонк ва боқимонда 400 миллион доллари дигар аз ҳисоби фондҳои рушди арабӣ мебошад.
Аммо маълум нест, ки ин маблағ бо кадом шарту шароит ба Тоҷикистон дода мешавад.
Ҳукумати Тоҷикистон талош дорад барои то охир сохтани нерӯгоҳи "Роғун" аз хориҷ сармоя дарёфт кунад.
То ин вақт Бонки Ҷаҳонӣ ҳам аз сармоягузорӣ ба сохтмони "Роғун" хабар дода буд.
Бастрикин: 20 ҳазор шаҳрванди Русия аз ҳисоби муҳоҷирон дар ҷабҳа ҳастанд

Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин гуфт, ки ба муффаттишони ин ниҳод супориш дод, ки ҳамроҳ бо кормандони ВКД ва Росгвардия дар рейдҳои «маҳалли таҷаммӯи муҳоҷирон» иштирок карда, онҳоеро, ки шаҳрвандии Русияро гирифта худро ба қайди ҳарбӣ надаровардаанд, мушаххас кунанд.
Бастрикин, ки бо шеваи бисёр бераҳмонаву гоҳо ғайриқонунии саркӯби муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ кор мекунад, рӯзи 20 май дар ҳамоиши ҳуқуқшиносони Петербург суханронӣ кард. Ӯ аз ҷумла, гуфт, 80 ҳазор «чунин шаҳрвандони Русия» аллакай «қапида шудаву» 20 ҳазор «шаҳрванди ҷавони Русия, ки бо чӣ сабабе зиндагӣ дар Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистонро хуш надоранд, дар ҷабҳа қарор доранд».
Инчунин, раҳбари Кумитаи тафтишот гуфт, ба Русия таҳти номи муҳоҷирон «ҷинояткорони оянда» сафар мекунанд ва онҳоро «қапида» ба ватанашон баргардонидан лозим аст, то ки «ҷиноятро он ҷо, на дар Русия содир кунанд».
Сохторҳои ҳифзи қонуни Русия ҳар сари чанд вақт рейди зидди муҳоҷиронро барпо карда, ба онҳое, ки шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд, ба дасташот даъватномаи хидмати ҳарбиро супурда ба ҷанг мефиристанд. Баъзе ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки онҳоро бо тарсу таҳдиди бекор кардани шаҳрвандиашон ба имзои созишнома бо вазорати дифоъ маҷбур мекунанд.
Соле пеш Бастрикин гуфт, ки ходимони ҳифзи қонун беш аз 30 ҳазор муҳоҷирро «қапидаанд», ки шиносномаи Русияро гирифта, вале худро ба қайди ҳарбӣ нагузоштаанд. Ӯ гуфт, тахминан 10 ҳазор нафари онҳо ба воҳидҳои ақибгоҳ барои «хандақканӣ ва сохтани такягоҳ» бурда шудаанд.
Саидакрам ва Умар аз зиндони Русия озод шуда ба Тоҷикистон баргаштанд

Ду бародари тоҷик, ки дар Русия барои зӯроварӣ ба маъмурони пулис ва задани онҳо паси панҷара рафтанд, баъди адои ҳукм озод шудаанд. Дар ин бора падари онҳо Расулҷон Чориев рӯзи 20-уми май ба Радиои Озодӣ хабар дод.
Ӯ гуфт, Садиакрами 24-сола тобистони соли гузашта ва Умари 22-сола моҳи марти ҳамин сол озод шуда ба Тоҷикистон баргаштаанд ва ҳарду ҳоло дар зодгоҳашон - Шаҳритус кору иқомат мекунанд.
Бародарон Саидакрам ва Умар Чориевро рӯзи 17-уми феврали соли 2022 дар истгоҳи метрои "Тулская" барои муқовимат ба афсарони пулис ҳангоми боздошт дастгир карданд.
Дар навор аз маҳалли ҳодиса он вақт дида мешуд, ки ду маъмури пулис Саидакрамро ба шикам хобонда, кӯшиши бастани дастонашро доранд. Умар аҳволи бародарашро дида ба кормандони пулис ҳамла мекунад.
Барои ин кор додгоҳи Маскав моҳи августи соли 2022 Умар Расулҷонзодаро ба 3,5 сол ва бародараш Саидакрам Ҳамроевро ба 2,5 соли зиндон маҳкум кард. Расулҷон Чориев аз Радиои Озодӣ ва сафорати Тоҷикистон дар Русия изҳори сипос кард, ки дар инъикоси ҳодиса ва ҳимоят аз ҳуқуқи фарзандонаш мусоидат кардаанд.
Бадрафтории милисаҳои рус бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ як кори маъмулӣ шудааст ва видеоҳои зиёде дар ин бора зуд-зуд дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд.
Собиқ ҳамлагари мунтахаби Инглистон баъди узрхоҳӣ дар робита бо яҳудиситезӣ Би-би-сиро тарк мекунад

Собиқ ҳамлагари мунтахаби футболи Инглистон Гари Линекер баъди узрхоҳиаш аз як иттиҳоми вобаста ба яҳудиситезӣ корашро дар шабакаи садову симои Би-би-си тарк мекунад. Ӯ аз соли 1999 барномаи пуртарафдореро дар бораи футбол барандагӣ мекард ва қарор буд соли 2026 ҳам дар пахши зинда ба ҳайси шореҳи Ҷоми ҷаҳонӣ кор кунад.
Линекер дар саҳифааш дар Инстаграм як навори видеоиеро бо суханронии ҳуқуқшиноси фаластиниасли канадаӣ Диана Будду бознашр кард, ки он ҷо ӯ амалҳои Исроилро танқид мекунад. Дар ин навори видеоӣ ишораи калламуше ҳам дида мешавад, ки одатан дар шарҳҳои зиддияҳудӣ ба кор меравад. Ба ин чиз созмони «Маъракаи зидди яҳудиситезӣ» таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.
Намояндаи Линекер гуфт, ки барандаи телевизион ин ишораро надидааст. Худи журналист гуфт, ки барои мазмуни ин навор маъзарат мехоҳад, чун огоҳона ҳеҷ гоҳ маводи зиддияҳудӣ нашр намекунад. Дар ин бора бахши русии Би-би-си хабар додааст. Ин навори видеоиро аз Инстаграм пок карданд. Вале бо ин вуҷуд, раҳбарияти ширкати садову симои Бритониё ба ин хулоса омад, ки рафтори Линекер ба обрӯи ширкат зарба мезанад.
Линекер давоми ҳафт сол баландтарин маошро дарёфт мекард. Соли 2024 даромади ӯ 1,8 миллион долларро ташкил дод. Тим Дейв, раҳбари кулли ширкати Би-би-си бо нашри изҳороте аз Линекер барои саҳмаш дар журналистикаи варзишӣ изҳори сипос кард. Қарор аст охири ҳафтаи ҷорӣ охирин рӯзи кории ӯ дар Би-би-си мешавад.
Линекер барои "Лестер", "Тоттенҳем", "Эвертон" ва "Барселона" бозӣ карда дар 446 мусобиқа иштирок ва 243 гол задааст.
Раиси ноҳияро барои матлаби духтараш дар TikTok аз мақом гирифтанд

Дар Русия раиси як ноҳияро барои таҳдиди духтараш ба як ҷавонписаре бо мазуни ин ки ӯро ба ҷанги Украина мефиристанд, аз мақомаш барканор карда шуд. Георгий Филимонов, раиси вилояти Волгоград гуфт, ки бо як қарораш ба ҷои Юлия Шевтсова ба мақоми раиси ноҳия Нюксен як собиқадори ҷанги зидди Украинаро таъин хоҳад кард.
Духтари Юлия Шевтсова дар TikTok як матлабе нашр кард ва ба ҷавоне, ки хост бо ӯ шинос шавад, гуфт: “Ҳой, бача, раҳгум задӣ? Модари ман кист, медонӣ? Шаҳрдор! (Мо туро ба амалиёти вижа мефиристем)”.
Филимонов гуфт, ки ин ҳарфҳоро духтар дар посух ба ҷавоне нашр кард, ки зоҳиран батакрор ба ӯ пешниҳоди шиносоӣ мекард. Ин навор дар миёни корбарон сарусадои зиёд кард, Шевтсова барои ин кори духтараш узр пурсид ва гуфт, ки “кӯдакон хато мекунанд”.
Бо вуҷуди ин, Филимонов қарор кард, ки барои чунин рафтори ба гуфтааш хилоф бо меъёрҳои ахлоқӣ ва “идеологияи кори тими ҳукумат дар Волгоград” Шевтсоваро аз вазифа барканор мекунад. Юлия Шевтсова октябри соли 2024 ба мақоми раиси ноҳия таъин шуда буд.
Трамп гуфт, бо Путин имкони мулоқоти рӯбарӯро баррасӣ кардааст

Президентони ИМА ва Русия - Доналд Трамп ва Владимир Путин дар сӯҳбати телефонии рӯзи 19 май имкони ташкили мулоқоти ҳузуриро баррасӣ карданд.
Дар ин бор Кохи Сафед хабар додааст. Трамп ба саволи хабарнигорон дар бораи ин ки оё ӯ дар сӯҳбаташ бо Путин имкони дидори рӯбарӯро баррасӣ кардааст ё на, гуфт, «албатта, ман бо ӯ дар ин бора сӯҳбат кардам».
Аз ин пеш ёвари Путин Юрий Ушаков дар сӯҳбат бо «Ведомости» гуфт, ки ҳарду ҷониб дар баргузор шудани чунин мулоқот ҳавасманд ҳастанд.
Трамп бори дигар гуфт, ки ба бовари ӯ, Путин хоҳишманди хатми ҷанг мебошад. Қаблан Трамп гуфта буд, ки мулоқоти шахсии ӯ бо Путин метавонад дар музокира бо Украина ҳалкунанда шавад ва ҳар вақте, ки Вашингтон ва Маскав онро ташкил карда тавонистанд, барпо мешавад.
Кремл гуфтааст, ки ташкили чунин мулоқот омодагии бештар мехоҳад. Мулоқоти охирини президентони ИМА ва Русия соли 2021 баргузор шудааст.
Муовини пешини вазири фарҳанги Қазоқистон ба се соли зиндон маҳкум шуд

Дар Қазоқистон собиқ муовини вазири фарҳангу варзиш Ерлан Кожагапанов барои дуздии як миллиард танга маблағ (муодили наздики 2 миллион доллар) ба се соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи шаҳри Остона дар қарораш гуфт, ки мақомдори пешин аз вазифаи давлатиаш сӯиистифода карда, як миллиард танга пулро азхуд кардааст.
Ба Ерлан Кожагапанов тамоми умр ишғоли вазифаҳои давлатӣ, кор ба ҳайси додрас ваё дар сохторҳои Бонки миллии Қазоқистон манъ карда шудааст. Айбдоршавандаи дигар аз рӯи ин парванда - раҳбари ширкати Success К - Лаззат Кӯкқозоваро аз рӯи моддаи “қаллобӣ” ба панҷ соли ҳабс маҳкум карданд.
Радиои Азаттиқ – Бахши қазоқии Радиои Озодӣ мегӯяд, айбдоркунандаи давлатӣ талаб карда буд, ки собиқ муовини вазир ба ҳафт ва Кӯкқозова ба ҳашт соли ҳабс маҳкум шаванд, вале додрас ҳолатҳои сабуккунандаро ба эътибор гирифта ҳукмро нармтар кардааст.
Ин ду нафарро барои роҳ додан ба камбудиҳо ҳангоми ташкили Ҳамоиши 15-уми ҳамкориҳои Русия ва Қазоқистон дар соли 2018 муҳокима карданд. Он замон Кожагапанов муовини вазири фарҳангу варзиши Қазоқистон буд. Ӯ дар додгоҳ гуфт, ки иттиҳоми зидди ӯ “сохтакорӣ” шуда, айбдоркунандаи давлатиро дар “кори ғайрикасбӣ” гунаҳгор кард.
Сафорати Тоҷикистон номи муҳоҷирони фавтида дар садамаи Қазоқистонро нашр кард

Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистонро дар садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар ҳудуди вилояти Қустанай тасдиқ намуд. Ин ҳодиса субҳи 20 май дар натиҷаи бархӯрди ду мошин дар шоҳроҳи Алмаато-Екатеринбург рух дод ва дар ин ҳодиса шаш шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, панҷ нафар ба беморхона интиқол дода шуданд.
Дар посухи намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Остона тавассути почтаи электронӣ рӯзи 20 май гуфта мешавад, ки кормандони сафорат «оиди ин ҳодиса бо намояндагони ҷамъияти тоҷикон дар Қустанай дар тамос буда, барои расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ва ё ҳалли дигар масъалаҳои ҷорӣ омодагии худро изҳор намудааст. Сафорат ин фоҷиаи мудҳишро зери назорати худ гирифта, бо дастрас шудани маълумоти иловагӣ иттилоъ хоҳад дод».
Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон рӯйхати шахсони фавтидаро дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт. Инҳо:
- Аҳтам Каримови 36-сола;
- Назрулло Боқиеви 24-сола;
- Бахтигул Боқиеваи 40-сола;
- Юсуф Солиҳови 67-сола;
- Фаёзиддини Солиҳзодаи 35-сола;
- Маҳмадюнус Аминзодаи 33-сола.
Аз ин пеш дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷӣ ба Радиои Озодӣ навишт, "аз ҷониби сафир, ҷиҳати дарёфти маълумоти иловагӣ кормандони масъул муваззаф шудаанд". Ҷузъиёти аз ин беш нашр намешавад.
Дар ҳукумати ноҳияи Қубодиён ба Радиои Озодӣ гуфтанд, муҳоҷирони фавтида сокинони деҳаи Зиракии ҷамоати Чорбоғ мебошанд.
Хабари дар садама кушта шудани шаҳрвандони Тоҷикистонро нахуст манбаъҳои Радиои Озодӣ аз ҷои ҳодиса ва баъдан полиси Қазоқистон ҳам тасдиқ намуданд. Аз ҷумла, нисфирӯзии сешанбе навбатдори раёсати полиси вилояти Қустанай ба хабаргузории "Интерфакс-Қазоқистон" тасдиқ кард, ки ҳама шахсони ҷондода шаҳрванди Тоҷикистон буданд.
Ҳодиса субҳи сешанбе дар ҳудуди вилояти Қустанай дар наздикии марз бо Русия рух додааст. Ба навиштаи расонаҳои Қазоқистон, ронандаи мошини "Форд Транзит", ки дар дохилаш даҳ шаҳрванди хориҷӣ қарор доштанд, ба мошини боркаши DAF бархӯрд. Панҷ нафари зиндамонда ба бемористони марказии ноҳияи Қарабалик интиқол ёфтанд.
Дар идораи пулиси вилояти Қустанай ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз рӯи ин ҳодиса тибқи банди 4-уми моддаи 345-и Кодекси ҷиноии Қазоқистон, яъне "Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки боиси марги зиёда аз ду нафар шудааст", парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.
Дар ҳамин ҳол, навореро аз маҳалли фоҷеа корбарон дар ихтиёри Радиои Озодӣ вогузор карданд. Мусоҳибон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳамаи мусофирони мошин сокинони ноҳияи Қубодиён буданд, ки аз Тоҷикистон ба Русия мерафтанд.
Қазоқистон кишвари ҳамсояи Русия мебошад ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо мақсади кору зиндагӣ ба он кишвар мераванд, аз ҷумла, ба хотири сарфаи маблағи сафар бо роҳҳои ҳавоӣ, аз роҳҳои нақлиётӣ истифода мебаранд.
Садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар роҳҳои Қазоқистон дар гузашта ҳам рух додааст.
Трамп ва Путин дар бораи Украина ва оташбас гап задаанд

Роҳбарони Амрико ва Русия рӯзи 19-уми май дар гуфтугӯи телефонӣ роҳҳои қатъи ҷанг дар Украинаро баррасӣ карданд. Суҳбати Доналд Трамп ва Владимир Путин зиёда аз ду соат давом кардааст.
Путин гуфтугӯ бо Трампро "созанда" ва "муассир" хонд. Раиси ҷумҳури Русия гуфт, мисли гузашта барои Маскав муҳим "аз байн бурдани омилҳои буҳрон аст." Ба гуфтаи Путин, Русия "омодаи ҳамкорӣ" бар сари таҳияи ёддошти сулҳ бо Украина аст.
Доналд Трамп дар шарҳи суҳбаташ бо Путин гуфт, Русия ва Украина “фавран” ба гуфтугӯҳо дар бораи оташбас ва қатъи ҷанг оғоз мекунанд. Аммо Трамп санаи мушаххасро ба забон наовард.
Трамп ҳамчунин гуфт, Русия мехоҳад бо ИМА тиҷорати васеъ дошта бошад ва ӯ ҳам бо ин розӣ аст. Доналд Трамп ҳамчунин навиштааст, ҷузъиёти суҳбаташро бо раиси ҷумҳури Украина ва дигар роҳбарони Аврупо дар миён гузоштааст.
Дар ҳамин ҳол баъзе расонаҳо гузориш доданд, ки президенти Украина аз Доналд Трамп хостааст, алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ кунад, агар ин кишвар дар фурсатҳои наздик ба оташбас тан надиҳад. Зеленский дар суҳбат бо Трамп, бори дигар ба ҷорӣ шудани оташбас таъкид кардааст.
"Шаш рӯз боз дар роҳ ҳастем." Дармондани як гуруҳ муҳоҷирони тоҷик

Як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷик, ки аз Хуҷанд ба Красноярск мерафтанд, дар роҳ дармондаанд. Ба гуфтаи ин муҳоҷирон, баъди даромадан ба Русия чархи мошинашон шикаста, касе дигар суроғашон намекунад. Муҳоҷирон шикоят доранд, ки шаш рӯз боз дар роҳ ҳастанд.
“На ягон автобус мефиристанд, ки омада моро барад, на автобусро дуруст мекунанд. Шаш рӯз шуд фақат обу нон мехӯрем, ягон хӯроки гарм нест,”-мегӯянд муҳоҷирон дар навори фиристодаашон.
Муҳоҷирон дар наворе, ки ба Радиои Озодӣ фиристоданд, мегӯянд, онҳоро Муқаддас ва Аюб ном шахсон ба Русия фиристоданд. Талошҳои мо барои пайдо кардани ин нафарон бенатиҷа буд. Дар сурати муроҷиат кардан, назари онҳо ба матн илова карда мешавад.
Ҳамасола садҳо муҳоҷири тоҷик бо сабаби гарон будани билети ҳавопаймо, аз тариқи роҳҳои заминӣ ба Русия мераванд. Сафар бо мошин ва автобус осон нест, вале муҳоҷирон мегӯянд, маҷбуранд ин азобро тоқат кунанд.
Дар гузашта ҳам муҳоҷирони тоҷик, ки аз тариқи автобус ба Русия мерафтанд, аз сарсонӣ дар роҳҳо шикоят кардаанд.
Дар як бинои Вазорати мудофиа сӯхтор сар задааст

Рӯзи 19-уми май дар як бинои марбут ба Вазорати мудофиа дар шаҳри Душанбе сӯхтор сар задааст. Навори ин сӯхтор ба шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам роҳ ёфт.
Хадамоти оташнишонии кишвар дар як иттилоия навишт, ҳодиса шомгоҳи 19-уми май дар як сехи барқтаъминкунии Вазорати мудофиа рух додааст.
Ба навиштаи Хадамот, сабаби сӯхтор “расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ” мебошад. Мақомот мегӯянд, оташ 50 метри мураббаъро фаро гирифт ва саривақт онро хомӯш карданд.
Хадамоти оташнишонӣ мегӯяд, дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Аммо ин ниҳод нагуфтааст, дар пайи сӯхтор ба Вазорати дифоъ чӣ қадар зарар расид.
Як мошини боркаш ба дарёи Панҷ афтидааст

Рӯзи 17-уми май як мошини боркаш дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ саросез шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон бо нашри ин хабар мегӯяд, як сокини пойтахт ронандаи ин мошин буд.
"Дар бораи ронанда маълумоти бештаре ҷуз ин нест, ки соҳиби ду фарзанд будааст. Дар бораи сабаби садама ҳам мушаххасан намешавад чизе гуфт. Танҳо ин ки ронанда шояд ба иллати суръати баланди ҳаракат натавонистааст аз уҳдаи идораи мошин барояд,"-омадааст дар хабарномаи расмӣ.
Мақомот мегӯянд, талошҳо барои пайдо кардани ронанда ва мошин то ин дам бенатиҷа будааст. Наҷотдиҳандагон ҷустуҷӯро идома медиҳанд.
Ҳамарӯза бар асари садамаҳои нақлиётӣ чандин кас дар Тоҷикистон ҳалок мешаванд. Азҷумла ҳафтаи гузашта як мошин дар роҳи Душанбе-Хуҷанд аз баландӣ саросез шуд. Дар ин ҳодиса як мураббии варзиш ҷон бохт.
Мӯҳлати ҳабси гумонбарони "Крокус" боз тамдид шуд

Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 19 май бо як қароре мӯҳлати боздошти чор шаҳрванди Тоҷикистони гумонбар дар ҳамлаи толори консертии “Крокус”-ро ба мӯҳлати чор моҳи дигар тамдид кард.
Дафтари матбуоти додгоҳ навишт, ки бо қарори додгоҳ Фаридуни Шамсиддин, Саидакрам Раҷабализода, Далерҷон Мирзоев ва Муҳаммадсобир Файзов ба мӯҳлати 3 моҳу 28 рӯзи дигар дар боздоштгоҳ мемонанд.
Ин гумонбаронро тафтишоти Русия иҷрокунандаи ҳамла меномад. Вале пурсиш ба шеваи баргузории тафтишот шурӯъ аз замони боздошти бераҳмонаи ин нафарон хеле зиёд аст. Мақомот дар Тоҷикистон аз тарзи боздошти пурхушунат ва шиканҷаи онҳо баъди ҳодисаи ҳамла ба "Крокус" дар моҳи марти соли 2024 интиқод карда буд.
Поёни моҳи апрел мақомоти ҳифзи қонуни Русия гуфтанд, ки парвандаи гумонбарони ҳамла ба "Крокус Сити Ҳол"-ро моҳи июн ба додгоҳ мефиристанд. ТАСС навишт, парвандаро Додгоҳи ҳарбии 2-юми ҳавзаи ғарбӣ баррасӣ хоҳад кард. ТАСС он вақт хабар дод, ки дар навбати аввал парвандаи чаҳор барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол мешавад.
Дар ҳамла ба "Крокус" он вақт 145 нафар куштаву беш аз 500 кас захмӣ гардид. Аксар гумонбарони боздоштшуда дар паи ин ҳамла шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.