Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Қирғизистон даъвои зидди "Қумтор"-ро бозпас мегирад


Кони ангиши Қумтор

Қирғизистон даъвои худро, ки дар робита ба ҷуброни зарари муҳитзистии кони "Қумтор" алайҳи ширкати "Сентерра Голд Инк." ба додгоҳ бурда буд, пас мегирад. Дар ин бора раиси Кумитаи давлатии саноат, энержӣ ва захоири табиии Қирғизистон Улан Рисқулов хабар дод.

Ба гуфтаи Рисқулов, бар пояи ҳуҷҷате, ки аз сӯи ҳукумати Қирғизистон ва ширкати Канада 11 сентябр имзо шуд, "Сентерра Голд Инк." низ даъвоҳояшро зидди Қирғизистон лағв мекунад.

"Мо ба додгоҳи байналхалқӣ барои ҷуброни зарари зистмуҳитӣ даъво бурдем. Онҳо дар навбати худ, бо даъвоҳои мо розӣ нашуда, гуфтанд, ки "ҷониби Қирғизистон созишномаи соли 2009-ро риоя намекунад" ва ба додгоҳи ҳакамии байналхалқӣ шикоят бурданд. Акнун бар пояи созишномаи имзошуда мо даъвоямонро пас мегирем ва "Сентерра" низ аз даъвояш мегузарад. Ин тасмим ҳар ду ҷонибро қонеъ кард", - гуфт Рисқулов.

Ёдрас мешавем, ки созишномаи имзошуда миёни Қирғизистон ва "Сентерра Голд Инк." "Созишнома дар бораи ҳифзи муҳити зист ва рушди сармоягузорӣ" ном дорад. Ин созишнома дар сурати фаъолияти кон таъсиси шароити навро барои беҳбуди муҳити зист пешбинӣ кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG