Нашрияи "Коммерсант" бо такя ба манбаҳояш дар Кремлин рӯзи гузашта гуфт, ки стратегияи маъракаи интихоботии Владимир Путин қариб омода шудааст ва он аз ду марҳила иборат хоҳад буд.
Марҳилаи аввал ба моҳи ноябр барномарезӣ шудааст. Дар ҷараёни он Путин иштирокаш дар интихоботро расман эълон мекунад. Ин таҳаввулот ба гуфтаи манбаи "Коммерсант" дар шакли "гуфтугӯ бо шаҳрвандон сурат мегирад ва шаҳрвандон аз Путин хоҳиш мекунанд, ки дар интихобот иштирок кунад.
Марҳилаи дуввум худпешбарии номзадии Путин ба интихобот аст ва имзоҳои зарурӣ дар муддати кӯтоҳ ҷамъоварӣ мешаванд. Кремл аз ҳоло ба мақомоти маҳаллӣ супориш додааст, ки рӯйхати шахсони бовариноки номзади ояндаи интихоботи соли 2018-ро тартиб диҳанд. Ба рӯйхат бояд чеҳраҳои нав ва ҷавон шомил шаванд.
Интихоботи президентии Русия 18 марти соли 2018 баргузор мешавад. Владимир Путин то ҳол расман нагуфтааст, ки дар ин сабқат иштирок мекунад ё не Бар пояи назарпурсии "Левада-центр" бахши умдаи шаҳрвандони Русия -66%, мехоҳанд Путинро дар мақоми президентӣ бубинанд.