Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Сурия ба ширкат дар гуфтугӯи Остона ризоият доданд


Харитаи Сурия ва Лубнон
Харитаи Сурия ва Лубнон

Хабаргузории расмии Русия рӯзи 11-уми сентябр иттилоъ дод, ки мухолифони мусаллаҳи Сурия иштироки худро дар даври навбатии гуфтугӯи сулҳи ин кишвар тасдиқ карданд. Қарор аст, ин нишаст ҳафтаи равон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шавад.

Иштироки мухолифонро дар баррасии мавзуи асосӣ, ки гуфта мешавад, ташкили чаҳорумин минтақаи амни Сурия аст, намояндаи расмии гурӯҳи гуфтугӯкунандаҳо Яҳё ал- Аридӣ рӯзи 11-уми сентябр дар суҳбат бо РИА Новости тасдиқ кардааст.

Вазорати умури хориҷии Қазоқистон пештар иттилоъ дода буд, ки даври шашуми гуфтугӯи сулҳи Сурия рӯзҳои 14-15-уми сентябр дар Остона баргузор мешавад. Як рӯз пеш аз оғози гуфтугӯ, баргузории ҷаласаи якҷояи гуруҳҳои кории кишварҳои кафил -- Русия, Эрон ва Туркия дар назар аст.

Бар пояи нақшае, ки ин се кишвар дар гуфтугӯҳои Остона ба тасвиб расонданд, минтақаи амни чаҳорум дар вилояти Идлиб, дар шимолу ғарби Сурия таъсис хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG