Пайвандҳои дастрасӣ

Имзои созишномаи қарзии сохтмони қитъаи роҳи Кӯлоб-Қалъаихумб


Дар вазорати молияи Тоҷикистон рӯзи 11 сентябр маросими имзои созишномаи қарзӣ аз рӯи тарҳи сохтмони қитъаи роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб баргузор шуд. Ин санадро аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон вазири молия Абдусалом Қурбониён ва аз ҷониби Бунёди рушди байналмилалии OPEC ё Созмони байналмилалии кишварҳои содиркунандаи нафт – раҳбари кулли он Сулаймон Алҳарбиш имзо карданд.

Ҳаҷми умумии ин созишнома 115,50 миллион долларро ташкил медиҳад ва 10 миллион доллари ин маблағ қарзи бунёди OPEC мебошад. Иҷрои ин тарҳ соли ҷорӣ шурӯъ шуда соли 2022 ба анҷом мерасад. Дар хабари расмии вазорати молия гуфта шудааст, ки дар ҷараёни имзои ин санад инчунин намояндагони гурӯҳи ҳамоҳангсози кишварҳои арабӣ, аз ҷумла, Фавзӣ Ассауд – сардори раёсати амалиёти молии Бунёди рушди Саудӣ, Фоуд Албассам – ёвари раҳбари кулли Бунёди рушди байналмилаии OPEC ва Муҳаммад Ассарҳан – намояндаи Бунёди кувайтии рушди иқтисодии кишварҳои арабӣ иштирок карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG