Пайвандҳои дастрасӣ

Собиқ раиси Кумитаи амнияти миллӣ барои ифшои асрори давлатӣ зиндонӣ шуд


Нортой Дутбоев раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон

Додгоҳи низомии ноҳияи Акмолини Қазоқистон рӯзи 24 август ҳукми раиси пешини кумитаи амнияти миллии (КАМ) ин кишвар Нортой Дутбоевро эълон кард. Муҳокимаи додгоҳӣ пушти дарҳои баста сурат гирифт. Иттилои расмӣ дар бораи баррасии парванда танҳои имрӯз дар сомонаи Додгоҳи олии Қазоқистон нашр шуд.

Бар пояи ҳукм, Нортой Дутбоев дар ошкор кардани асрори давлатӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ муттаҳам шуд. Додгоҳ ӯро 7,6 сол зиндонӣ кард. Ҳамчунин бар пояи ҳукми додгоҳ, Дутбоев аз ишғоли вазифаҳои давлатӣ барои як умр маҳрум шуд. Додгоҳ рутбаи генерал-лейтенант"-и раиси пешинро лағв кард.

Раис Муратов, як тан аз афроди дигар, ки дар доираи парвандаи маъруф ба "парвандаи Дутбоев" муҳокима мешавад, бо айни иттиҳом ба муддати 5 сол равонаи зиндон шуд. Ӯ низ аз ҳаққи ишғоли вазифаҳои давлатӣ якумрӣ маҳрум гардид.

Чанд тани дигар низ дар доираи парвандаи мазкур муҳокима мешаванд.

Нортой Дутбоев, ки аз соли 2001 то 2006 КАМ-ро роҳбарӣ мекард, 26 декабри соли 2016 боздошт шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG