Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фэллон: размоишҳои Русия Ғарбро "таҳрик" медиҳанд


Вазири мудофиаи Бритониё Майкл Фэллон гуфт, ки размоишҳои қарибулвуқуи муштараки Русияву Белорус бо ҳадафи "таҳрик" додани Ғарб ва "санҷиш"-и омодагии дифоии Русия роҳандозӣ мешаванд. "Русия моро месанҷад", - гуфт вазири мудофиаи Бритониё дар барномаи BBC.

"Мо Русияи хашмгинтарро мебинем. Мо бо вай бояд дасту панҷа нарм кунем", - гуфт Фэллон. Размоишҳои низомӣ, ба гуфтаи вай, "барои таҳрик додани мо равона шудаанд, он размоишҳо сатҳи мудофиаи моро санҷидан мехоҳанд ва маҳз ба ҳамин хотир мо бояд қавӣ бошем", - афзуд вай.

Бар пояи Ҳуҷҷати Венна, ки аз сӯи аъзои САҲА қабул шудааст, ҳар кишваре, ки мехоҳад бо ширкати бештар аз 13 ҳазор низомӣ размоиш барпо кунад, бояд кишварҳои дигарро дар ҷараён гузорад ва ба нозирон дастрасӣ диҳад. Русияву Белорус гуфтанд, дар размоиши "Ғарб-2017", ки аз 14 то 20 сентябр дар ҳудуди Белорус ва минтақаҳои ғарбии Русия баргузор мешавад, 12 700 низомӣ ширкат хоҳад кард.

Аммо мақомоти бахши низомии кишварҳои Ғарб ва коршиносон мегӯянд, дар воқеъ шумори низомиён дар размоиш ба маротиб бештар хоҳад буд. Русия ташвиши Ғарбро бе асос номида, мегӯяд размоишҳои низомӣ хосияти мудофиавӣ дошта, барои кишварҳои ҳамсоя, НАТО ва Ғарб ҳеч хатаре надоранд.

XS
SM
MD
LG