Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки ками рекордии раъйдиҳандагон дар интихоботи Русия. ВИДЕО


Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Русия (КМИР) хабар дод, ки 10 сентябр дар интихоботи маҳаллии 82 минтақаи ин кишвар раъйдиҳандагон ба таври рекордӣ кам иштирок карданд. Ҷамъан дар ин кишвар ҳудуди 29%-и афроди қобили раъй овоз додаанд.

Вазорати умури дохилии Русия гуфт, интихобот ором баргузор шуд. Нозирони бештари нуқтаҳои овоздиҳӣ давоми рӯз дар бораи партофтани ғайриқонунии варақаҳо, кӯшиши харидани интихобкунандаҳо бо пулу арақ, таблиғоти ғайриқонунӣ дар участкаҳо, боздошти номзадҳо, нозирон ва аъзои комисияи интихоботӣ хабар доданд.

КМИР-и Русия гуфт, қонуншиканиеро сабт накардааст, ки ба натиҷаҳои интихобот таъсир расонад.

Иштироки аз ҳама зиёди раъйдиҳандагон, тибқи анъана дар нуқтаҳои овоздиҳии боздоштгоҳҳои муваққат ва беморхонаҳои равонӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора "Открытая Россия" иттилоъ медиҳад.

Сарвазири Русия Дмитрий Медведев гуфт, интихобот дар "сатҳи баланд" баргузор шуд ва интихобкунандагон тақрибан дар ҳамаи минтақаҳо фаъолона иштирок доштанд.

Владимир Путин дар интихоботи маҳаллӣ овоз дод
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:01:04 0:00

Видеоҳои охирин

Раҳпаймоӣ барои гиромидошти хотираи Борис Немтсов
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:00:49 0:00

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG