Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамазон Раҳимзода барандаи ҷоизаи “Шеъри Истиқлол” шуд


Рамазон Раҳимзода барандаи ҷоизаи “Шеъри Истиқлол” шуд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, дар озмуни “Шеъри истиқлол” ҷои севумро гирифт. Ин озмун, ки нашрияи “Тоҷикистон” созмон додааст, рӯзи 7-уми сентябр ҷамъбаст шуд.

Ҷойи аввал ба Гулназар Келдӣ, ҷойи дувум ба Муҳаммад Ғоиб ва ҷои севум ба Ниҳонӣ, ки ба гуфтаи баргузоркунандагон тахаллуси вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода аст, тақдим карданд.

Шарифи Ҳамдампур, муассиси нашрияи “Тоҷикистон” ва баргузоркунандаи ин озмун рӯзи 9-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷоизаи Ниҳониро ба ҷои ӯ Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гирифтааст.

Ӯ гуфт, дар ин озмун беш аз 50 шоир шеърҳои худро вобаста ба истиқлоли кишвар пешниҳод карданд ва ҳайати панҷнафараи ҳакамон шеъри се нафарро сазовори ҷоиза донистанд. Ба қавли Ҳамдампур, шеъри вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва дигар шеърҳои пешниҳодшуда дар як маҷмӯа бо номи “Истиқлол” нашр шуданд.

Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ расман тасдиқ карданд, ки Ниҳонӣ тахаллуси шоирии Рамазон Раҳимзода аст. Дар охирин нишасти матбуотиаш Раҳимзода гуфт, ки воқеан шеър менависад, вале дар бораи тахаллуси шоириаш ҳарфе нагуфт.

XS
SM
MD
LG