Пайвандҳои дастрасӣ

Роберт де Ниро ҷазираи Барбудуи Карибро барқарор мекунад


Тӯфони Ирма

Ҳунарманди амрикоӣ, дорандаи ҷойизаи "Оскар" Робетр де Ниро ваъда додааст, ки ҷазираи Барбудуи Карибро, ки аз тӯфони "Ирма" осеб д дид, дубора барқарор мекунад.

Ба гуфтаи нахуствазири Антигуа ва Барбуду Гастон Браун, бар асари шамолу мавҷҳои бузург беш аз 95 дар сади сохтмонҳо дар саросари кишвар вайрон шуданд. "Ҳаёт дар ин ҷо фалаҷ шудааст, дастикам 60 дар сади аҳолӣ сарпаноҳ надорад" - гуфт ӯ.

Роберт де Ниро ва соҳибкори умдаи соҳаи сохтмон аз Австралия Ҷеймс Паркер чанде пеш барномаи худро барои бунёди истироҳатгоҳ дар Барбуду эълон карданд.

Феълан теъдоди кушташудаҳои тӯфони "Ирма" ба 14 нафар расид. Як миллиону 200 нафар ба ҷойҳои безарар кӯчиданд ва дороиҳои худро аз даст доданд. Дар бисёр ҷойҳо интиқоли оби ошомиданӣ қатъ шудааст.

Ҷазираҳои Ҳайитӣ, ки баъди заминларзаи соли 2010 ҳанӯз пурра барқарор нашуданд, дубора аз "Ирма" зарба диданд. Кишвари дигар дар роҳи ҳаракати ин тӯфони харобиовар Баҳама аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG