Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Узбакистон охири ҳафта ба Қазоқисон сафар мекунад


Шавкат Мирзиёев ва Нурсултон Назарбоев
Шавкат Мирзиёев ва Нурсултон Назарбоев

Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати ҳамтои қазоқаш Нурсултон Назарбоев 9-10 сентябр ба Қазоқистон сафар мекунад ва дар Нахустин саммити Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар умури илму технология ширкат меварзад.

Саммит таҳти шиори "Илм, технология, навоварӣ ва муосиргардонӣ дар Ҷаҳони ислом" ба маросими пӯшидашавии намоишгоҳи байналхалқии EXPO-2017 дар Остона мувофиқ меояд.

Шавкат Мирзиёев дар маросими пӯшидашавии EXPO-2017 иштирок мекунад ва чанд мулоқоти дуҷониба низ бо ҳайатҳои хориҷӣ анҷом медиҳад.

Мирзиёев бори нахуст ба ҳайси президент моҳи марти соли ҷорӣ ба Қазоқистон рафта буд. Дар он сафари президенти Узбакистон чанд санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Раҳбари Узбакистон ҳамчунин 29 апрели соли ҷорӣ ба вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ рафта, бо Нурсултон Назарбоев мулоқоти корӣ анҷом дод.

XS
SM
MD
LG