Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қирғизистон мехоҳанд, гардиши қисме аз таксиҳоро манъ кунанд


Дар Қирғизистон тарҳи қонун дар бораи манъи фаъолияти таксиҳое, ки чанбаракҳояшон аз тарафи рост аст, ба муҳокимаи умум гузошта шуд. Агар шаҳрвандони кишвар лоиҳаро мақбул донанд, ҳуҷҷат барои баррасӣ ба порлумон фиристода мешавад. Миёни ронандагон ин ташаббус аллакай ҳангома барпо кардааст.

Бисёре аз таксиҳо дар Қирғизистон худравҳои дорои чанбараки рост ҳастанд. Ин худравҳоро аз Ҷопон ворид мекунанд. Авлавияти аввалиндараҷаи ин навъи мошинҳо арзон будани онҳост.

Идеяи манъи истифодаи мошинҳои дорои чанбараки рост бо ҳадафҳои тиҷорӣ бори аввал нест, ки дар Қирғизистон садо медиҳад.

Чанд соли пеш чунин лоиҳаи қонун қабул, аммо баъдтар то соли 2020 ба таъхир гузошта шуд. Бар асоси лоиҳаи нав, мумкин аст, аз ибтидои соли оянда барои мусофиркашонӣ бо чунин мошинҳо ҷарима ҷорӣ шавад. Мақомот мегӯянд, маҳз мошинҳои дорои чанбаракҳои дасти рост боис ба сар задани садамаҳо мешаванд.

Тоҷикистон ҳаракати нақлиёти чанбаракашон дар тарафи ростро чанд сол қабл манъ карда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG