Соҳибкори муфлисшуда Арам Петросиён, ки соли гузашта бахши "Ситибанк"-и Маскавро ишғол кард ва чаҳор нафарро гаравгон гирифт, рӯзи 7 сентябр барои 12 сол равонаи зиндон шуд. Петросиён ин солҳоро дар зиндони низомаш сангин сипарӣ хоҳад кард. Додгоҳи Маскав соҳибкорро аз рӯи банди қонун дар бораи "терроризм ва гаравгонгирӣ" муҷрим эълон кард. Айбдоршаванда гуноҳи худро қисман эътироф кард, аммо гуфт, ки худро террорист намешуморад.
24 августи соли 2016 соҳибкори 55-сола Арам Петросиён бо қуттие, ки дар бағал дошт, ба бахши "Ситибанк", воқеъ дар маркази Маскав ворид шуд ва бо таҳдиди таркиш чаҳор нафарро гаравгон гирифт. Петросиён баъдан гаравгонҳоро озод кард ва ба пулис таслим шуд.
Қуттие, ки Петросён бо худ овард, як бомба тақаллубӣ буд. Худи соҳибкор гуфт, ки қасд надошт касеро бикушад. Петросиён қаблан дар як муроҷиати видеоӣ ба раиси ҷумҳури Русия аз ӯ талаб кард, ки варшикастагии шахсони алоҳида ва ширкатҳоро дар сатҳи давлатӣ эътироф ва дар робита ба мушкили варшикастагӣ сохтори нав бунёд кунанд.