Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ талаби "Аэрофлот"-ро барои андозаи либоси "стюардессаҳо" рад кард


Евгения Магурина, меҳмондори ширкати ҳавонавардии Аэрофлот
Евгения Магурина, меҳмондори ширкати ҳавонавардии Аэрофлот

Додгоҳи шаҳри Маскав, дар заминаи шикояти меҳмондори ширкати ҳавонавардии "Аэрофлот" Евгения Магурина қарори ширкатро лағв кард, ки аз "стюардессаҳо" пӯшидани либоси на бештар аз андозаи 48-ро талаб мекард. Додгоҳ қарор кард, ки "Аэрофлот" ба Магурина 17 ҳазор пули иловагӣ ба маош ва 5 ҳазор ҷубронпулӣ пардохт кунад.

Моҳи апрел додгоҳи ноҳияи Пресненскии Маскав баҳсро ба фоидаи Магурина ҳал накард. Ӯ барои табъизи меҳмондори ҳавопаймо аз "Аэрофлот" 500 ҳазор рубл хисороти маънавӣ талаб кард.

Охири моҳи феврал бахши русии Радиои Озодӣ сӯҳбатеро бо Евгения Магурина пахш кард, ки аз соли 2010 дар ҳавопаймоҳои "Аэрофлот" меҳмондор будааст. Магурина гуфт, сар аз соли 2016 тамоми меҳмондорони синни болои 40 ва бо либосии андозааш беш аз 48-ро аз парвозҳои хориҷӣ берун карданд. Ин маълумотро меҳмондорони дигари "Аэрофлот" низ тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки ширкат дар заминаи намуди зоҳирӣ ва синну сол кормандонро табъиз мекунад.

XS
SM
MD
LG