Пайвандҳои дастрасӣ

Путин Асадро барои шикастани муҳосираи Дайр Аз-Зур табрик гуфт


Владимир Путин ва Башор Асад

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин президенти Сурия Башор Асадро барои шикастани ҳалқаи муҳосираи Дайр Аз-Зур табрик кард. Табрики Путин ба Асад дар ҳоле ироа шуд, ки телевизиони Сурия гуфт, нерӯҳои давлати ҳалқаи муҳосираи гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" дар шаҳри шарқии Дайр Аз-Зурро шикастанд.

"Путин рӯзи 5 сентябр ин эълонро "пирӯзии стратегии муҳим" арзёбӣ кард"- гуфт сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков ба хабарнигорон дар Маскав.

Нурӯҳои давлатии Сурия ва даҳҳо ҳазор шаҳрванди мулкӣ беш аз ду сол дар муҳосираи ҷангиёни ДИИШ қарор доштанд ва аз камбуди ғизову маводи дорӯворӣ азият мекашиданд.

Хабаргузории расмии SANA гуфт, ки нерӯҳои Сурия ва муттаҳидини онҳо бо бригадаи 137-и пойгоҳи канораҳои Дайр Аз-Зур якҷо шуданд.

Ҷангиёни гурӯҳи тундрави "Далати Исломӣ" пойгоҳи аслиашон дар Мосулро аввали сол аз даст доданд.

Ин гурӯҳ ҳанӯз ҳам ними Дайр Аз-Зур, бахшҳои умдаи вилоят ва қисмате аз истеҳкоми қаблиаш дар Раққаро таҳти назорат дорад. Ҳамлаи нерӯҳо бо пуштибонии ИМА ба Раққа идома дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG